https://sputnik.tj/20230322/rusiya-amriko-kosai-sabri-labrez-nakuned-1055686750.html
Русия ба Амрико: Косаи сабри моро лабрез накунед
Русия ба Амрико: Косаи сабри моро лабрез накунед
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири хориҷаи Русия ахиран гуфт, ки ИМА бо парвозҳои паҳподҳо дар Баҳри сиёҳ косаи сабрро мехоҳанд лабрез кунанд
2023-03-22T14:20+0500
2023-03-22T14:20+0500
2023-03-22T14:20+0500
русия
има
сиёсат
паҳпод
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2676:1506_1920x0_80_0_0_d1784f2b14236f9a0fb5d5c02055975c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков гуфт, Иёлоти Муттаҳида, ният дорад парвози паҳподҳо болои Баҳри сиёҳро идома диҳад ва хостори иқдомҳои ҷавобии Русия аст.Вай таъкид кард, ки паҳподҳои амрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта суқут кард, дар минтақае парвоз мекард, ки Маскав ба далели амалиёти вижа дар Украина режими вижа ҷорӣ кардааст. Ин воқеият муҳимтар аз он аст, ки "пораҳои паҳподҳо дар умқи дарёст", таъкид кард дипломат.“Амрикоиҳо қонунӣ будани ин гуна иқдомҳоро (ҷори кардани режими муваккатии истифода аз фазои ҳавоӣ) саркашӣ, кинавор, ошкоро, рад мекунанд. Мо онҳоро ҳушдор медиҳем, ки аз кушиши бозӣ кардан бар сабру тоқати мо даст кашанд”, - гуфт Рябков.Муовини вазири хориҷа таъкид кард, ки дар ҳар сурат амнияти Русия бо тамоми василаҳои дар ихтиёри Маскав мавҷудбуда комилан таъмин хоҳад шуд."Ҳеҷ як паҳподи амрикоӣ - иктишоф, зарба, стратежӣ ва ҳар чӣ - наметавонад азми моро такон диҳад", - афзуд Рябков.Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, ҳодиса бо як паҳподи амрикоӣ субҳи 16 март дар минтақаи Қрим болои Баҳри сиёҳ рух додааст. Паҳпод бо транспондерҳои хомушшуда ба самти Русия парвоз карда, сарҳади минтақаи низоми муваққатии истифодаи фазои ҳавоии барои амалиёти махсус муқарраршударо вайрон кард. Пас аз кашфи паҳпод ҷангандаҳои Русия онро нобуд сохтанд.
https://sputnik.tj/20230317/shoygu-khalabon-pahpod-amriko-qadrdoni-1055590400.html
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2600:1950_1920x0_80_0_0_0660741d576f2cf55f82280da75cadfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, паҳпод, има, амрико, сабр, баҳри сиёҳ, вазорати хориҷа
русия, паҳпод, има, амрико, сабр, баҳри сиёҳ, вазорати хориҷа
Русия ба Амрико: Косаи сабри моро лабрез накунед
Муовини вазири хориҷаи Русия ахиран гуфт, ки ИМА бо парвозҳои паҳподҳо дар Баҳри сиёҳ косаи сабрро мехоҳанд лабрез кунанд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков гуфт, Иёлоти Муттаҳида, ният дорад парвози паҳподҳо болои Баҳри сиёҳро идома диҳад ва хостори иқдомҳои ҷавобии Русия аст.
Вай таъкид кард, ки паҳподҳои амрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта суқут кард, дар минтақае парвоз мекард, ки Маскав ба далели амалиёти вижа дар Украина режими вижа ҷорӣ кардааст. Ин воқеият муҳимтар аз он аст, ки "пораҳои паҳподҳо дар умқи дарёст", таъкид кард дипломат.
“Амрикоиҳо қонунӣ будани ин гуна иқдомҳоро (ҷори кардани режими муваккатии истифода аз фазои ҳавоӣ) саркашӣ, кинавор, ошкоро, рад мекунанд. Мо онҳоро ҳушдор медиҳем, ки аз кушиши бозӣ кардан бар сабру тоқати мо даст кашанд”, - гуфт Рябков.
Муовини вазири хориҷа таъкид кард, ки дар ҳар сурат амнияти Русия бо тамоми василаҳои дар ихтиёри Маскав мавҷудбуда комилан таъмин хоҳад шуд.
"Ҳеҷ як паҳподи амрикоӣ - иктишоф, зарба, стратежӣ ва ҳар чӣ - наметавонад азми моро такон диҳад", - афзуд Рябков.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, ҳодиса бо як паҳподи амрикоӣ субҳи 16 март дар минтақаи Қрим болои Баҳри сиёҳ рух додааст. Паҳпод бо транспондерҳои хомушшуда ба самти Русия парвоз карда, сарҳади минтақаи низоми муваққатии истифодаи фазои ҳавоии барои амалиёти махсус муқарраршударо вайрон кард. Пас аз кашфи паҳпод ҷангандаҳои Русия онро нобуд сохтанд.