https://sputnik.tj/20230831/idoma-kohish-rubl-tojikiston-dollaru-evro-1059144647.html
Идомаи коҳиши рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
Идомаи коҳиши рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Рубл дар бозори арзи Тоҷикистон дар баробари арзи миллӣ устуворияшро дар ҳоли аз даст додан аст, аммо доллару евро бошанд тадриҷан болотпр мераванд
2023-08-31T09:45+0500
2023-08-31T09:45+0500
2023-08-31T19:38+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_0:150:2872:1766_1920x0_80_0_0_a610f6e4fa8438d9f4b70665e894c8a1.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Тибқи нишондоди ин ниҳод, қимати пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 114,1 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 1000 рубл 114,3 сомонӣ буда, аз аввали ҳафта наздик ба се сомонӣ коҳиш ёфт. Асъори русӣ дар миёнаи моҳи ҷорӣ, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфт, аммо дер давом накард. Қурби асъори амрикоӣ бошад, каме боло рафтааст. Агар як рӯз қабл бар ивази як доллар 10.9609 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9624 сомонӣ медиҳанд. Вазъи пули аврупоӣ ҳам боз беҳтар шудааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.9326 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як евро ба 11.8509 сомонӣ баробар буд. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи хариду фурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст. Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9624 то 11.0000 сомонӣ, 1 евро аз 11.9326 то 12.2500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 114,1 то 116,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230822/sukhanroni-putin-nishast-briks-pakhsh-onlayn-1058976582.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_160:0:2713:1915_1920x0_80_0_0_86716fa691ffd25c47ba34009e2972dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш рубл тоҷикистон доллар евро
коҳиш рубл тоҷикистон доллар евро
Идомаи коҳиши рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
09:45 31.08.2023 (Навсозишуда: 19:38 31.08.2023) Рубл дар бозори арзи Тоҷикистон дар баробари арзи миллӣ устуворияшро дар ҳоли аз даст додан аст, аммо доллару евро бошанд тадриҷан болотар мераванд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, қимати пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 114,1 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 1000 рубл 114,3 сомонӣ буда, аз аввали ҳафта наздик ба се сомонӣ коҳиш ёфт.
Асъори русӣ дар миёнаи моҳи ҷорӣ, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфт, аммо дер давом накард.
Қурби асъори амрикоӣ бошад, каме боло рафтааст. Агар як рӯз қабл бар ивази як доллар 10.9609 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9624 сомонӣ медиҳанд.
Вазъи пули аврупоӣ ҳам боз беҳтар шудааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.9326 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як евро ба 11.8509 сомонӣ баробар буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи хариду фурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9624 то 11.0000 сомонӣ, 1 евро аз 11.9326 то 12.2500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 114,1 то 116,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.