Аз канорагирӣ аз доллар то таъмини ғизо ба Африқо: Путин дар БРИКС чӣ гуфт - видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар кори нишасти сарони БРИКС, ки 22 августи соли 2023 оғоз шуд, аз тариқи видеоӣ суханронӣ намуда, аз афзоиши нақши созмон гуфт
Президенти Русия, Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС тавассути видеоконфронс сухан ронда, аз мушкилоту дастовардҳо гуфт.
Путин бо истиқбол аз чораҳои БРИКС барои барқарорсозии баъди пандемия истиқбол карда, таҳримҳои ғарбиро барои иқтисоди ҷаҳон зиёновар хонд.
Вай афзуд, ки таъминоти ғизоро ба таври муътадил ба кишварҳои Африқо, сарфи назар аз таҳримҳои ғарбӣ таъмин мекунад. Ӯ аз ҷумла аз нияти интиқоли ройгони ғалла ба 6 кишвари Африқо хабар дод.
Канорагирӣ аз доллар гузор ба пулҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо афзоиш ёфта истодааст, гуфт Путин. Вай аз ҳиссаи Бонки БРИКС тавсиф кард, ки ба ҳайси рақиби созмонҳои молиявии ғарбӣ ба фаъолият шуруъ кардаст.
Чин БРИКС-ро рақиби G7 дидан мехоҳад
Таъкид шуд, ки ҳиссаи иқтисоди кишварҳои узви БРИКС ба 26%-и ММД дар ҷаҳон баробар гардидаст ва нақши созмон дар ҷаҳон майли афзоиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Йоҳаннесбург, ки дар он ҷо чорабинӣ ҷараён дорад, аллакай раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров расидааст, ки ҳузуран кишварро намояндагӣ мекунад.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, масъалаҳои асосии ҷаласа, ки ширкаткунандагон онро баррасӣ хоҳанд кард, мавзӯъҳои густариши ҳайати ин созмон ва ҳамчунин гузаштан ба пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо хоҳанд буд.
БРИКС сари коҳиши вобастагӣ аз доллар тамаркуз мекунад
Кори ин ҳамоиш рӯзи 22 август оғоз шуда, 3 рӯз идома ёфта, 24 август ба поён мерасад.
Қаблан Налди Пандур, дипломати аршади Африқои Ҷанубӣ гуфт, беш аз 40 кишвари ҷаҳон хоҳиши пайвастан ба БРИКС-ро изҳор карда, 23 кишвар расман дархости худро фиристодаанд.
Аргентина, Туркия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Сенегал, Алҷазоир, Эфиопия, Эрон ва Индонезия аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки расман муроҷиат кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба ин созмон Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0