https://sputnik.tj/20230830/rahmon-nafar-mukofot-davlati-hunarpeshai-khalqi-1059128657.html
Раҳмон ба 200 нафар мукофоти давлатӣ дод: Нависанда, шоир ва ҳунарпешаи халқӣ бештар шуд
Раҳмон ба 200 нафар мукофоти давлатӣ дод: Нависанда, шоир ва ҳунарпешаи халқӣ бештар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар миёни мукофотгирифтаҳо кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот, хизматрасонӣ, ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон мебошад
2023-08-30T14:18+0500
2023-08-30T14:18+0500
2023-08-30T19:25+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҷоиза
мукофот
давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051106306_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_99df069bba81fc2ccd7be6cc68b50031.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба кормандони касбу кори гуногун барои натиҷаҳои назаррас мукофот, унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷмӯъ бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ қадрдонӣ шуданд. Манбаъ афзуд, аз ҷумла як нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Шоири халқӣ, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ҳамчунин як нафарии дигар унвони фахрии Ҳофизи халқӣ ва Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистонро соҳиб шудаанд. Дар баробари ин, 19 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоиста, 20 нафар бо унвони фахрии Корманди шоиста, 2 нафар бо орденҳои Спитамен дараҷаҳои I ва II, 7 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 25 нафар бо медали Ҷасорат, 105 нафар бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардиданд. Дафтари матбуот афзуд, ки 7 нафар бо медали Шафқат ва 11 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Ҳамчунин тибқи қарори комиссия ба 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 ҷоиза тақдим гардид.
https://sputnik.tj/20230221/general-nav-tojikiston-prezident-mukofot-1055097716.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051106306_258:0:2989:2048_1920x0_80_0_0_c31c7f4027bfa519435f4fd6f756c356.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садҳо, тоҷикистонӣ, ҷоиза, давлатӣ
садҳо, тоҷикистонӣ, ҷоиза, давлатӣ
Раҳмон ба 200 нафар мукофоти давлатӣ дод: Нависанда, шоир ва ҳунарпешаи халқӣ бештар шуд
14:18 30.08.2023 (Навсозишуда: 19:25 30.08.2023) Дар миёни мукофотгирифтаҳо кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот, хизматрасонӣ, ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон мебошад
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ба кормандони касбу кори гуногун барои натиҷаҳои назаррас мукофот, унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷмӯъ бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ қадрдонӣ шуданд.
Манбаъ афзуд, аз ҷумла як нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Шоири халқӣ, 2 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин як нафарии дигар унвони фахрии Ҳофизи халқӣ ва Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистонро соҳиб шудаанд.
Дар баробари ин, 19 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоиста, 20 нафар бо унвони фахрии Корманди шоиста, 2 нафар бо орденҳои Спитамен дараҷаҳои I ва II, 7 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 25 нафар бо медали Ҷасорат, 105 нафар бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ гардиданд.
Дафтари матбуот афзуд, ки 7 нафар бо медали Шафқат ва 11 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.
Ҳамчунин тибқи қарори комиссия ба 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 ҷоиза тақдим гардид.