https://sputnik.tj/20230221/general-nav-tojikiston-prezident-mukofot-1055097716.html
Генералҳои нав дар Тоҷикистон: Президент ба киҳо рутбаю мукофоти давлатӣ дод?
Генералҳои нав дар Тоҷикистон: Президент ба киҳо рутбаю мукофоти давлатӣ дод?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ як қатор низомиёну кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро қадрдонӣ кард
2023-02-21T18:00+0500
2023-02-21T18:00+0500
2023-02-21T18:00+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
фармон
эмомалӣ раҳмон
президент
қувва
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055097560_0:316:3076:2047_1920x0_80_0_0_5808682d36b38a5ddfc4f23975d7e41c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Гуруҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ барои ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз шуданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба як гуруҳ кормандони мақомоти мудофиа, умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва Вазорати адлияи ҷумҳурӣ рутбаҳои генерал-майор дода шуд. Дар феҳрасти онҳое, ки рутбаи генерал гирифтааст, аз ҷумла Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофукоби ҷиноии ВУД Тоҷикистон ном бурда мешавад. Манбаъ афзуд, ки нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ шодбош гуфтаст. Президент ҳамаи дастовардҳоро самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хондаст, ки ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмин гардида истодааст.Раисҷумҳур ба гуруҳ аз масъулини ин ниҳодҳо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, бо медали “Хизмати шоиста”, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон тақдим кардаст. Президенти мамлакат хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин даъват намуд.
https://sputnik.tj/20230215/qarori-rustami-emomali-tajlili-sazovor-1054925171.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055097560_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_8b378c574b1139f311f4d28ffc37b53c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, рутба, мукофот, давлатӣ
президент, рутба, мукофот, давлатӣ
Генералҳои нав дар Тоҷикистон: Президент ба киҳо рутбаю мукофоти давлатӣ дод?
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ як қатор низомиёну кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Гуруҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ барои ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз шуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба як гуруҳ кормандони мақомоти мудофиа, умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва Вазорати адлияи ҷумҳурӣ рутбаҳои генерал-майор дода шуд.
Дар феҳрасти онҳое, ки рутбаи генерал гирифтааст, аз ҷумла Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофукоби ҷиноии ВУД Тоҷикистон ном бурда мешавад.
Манбаъ афзуд, ки нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ шодбош гуфтаст.
Президент ҳамаи дастовардҳоро самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хондаст, ки ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмин гардида истодааст.
Раисҷумҳур ба гуруҳ аз масъулини ин ниҳодҳо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, бо медали “Хизмати шоиста”, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон тақдим кардаст.
Президенти мамлакат хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин даъват намуд.