Аз Душанбе то Рашт: Оқибати селхезиҳо дар Тоҷикистон – видео

Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи эълон кардааст, ки теъдоди фавтидагон дар селрезиҳои ахир дар манотиқи гуногуни кишвар ба 17 нафар расид
Дар Тоҷикистон як комиссияи вижа барои арзёбии хисорот пас аз боришоти шадид таъсис дода шуд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин комиссия, ҳамчунин, раванди рафъи харобиҳо ва расонидани кӯмак ба осебдидагони офатҳои табииро ташкил хоҳад кард.
Мақомоти Тоҷикистон барои арзёбии хисороти селхезӣ комиссияи вижа таъсис доданд
Маврид ба зикр аст, ки дар боронҳои ахир зарари аз ҳама бештар ба шаҳри Ваҳдат расид.
Бар асари селхезии шаби 27 ба 28 август дар ин минтақа 8 марду 3 зан ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин зиёда аз 100 хонавода муваққатан аз минтақаи офатҳои табиӣ дар Ваҳдат ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шудаанд.
Шумори ҳалокшудагон аз селхезиҳои ахир дар Тоҷикистон ба 17 тан расид
Дар феҳрасти минтақаҳои асосии мавзеъҳои осебдида ҷамоати деҳоти ба номи Н. Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит зикр гардидаанд.
Ба иттилои КҲФ, теъдоди фавтидагон дар офатҳои табиӣ рӯзҳои ахир ба 17 нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0