Мақомоти Тоҷикистон барои арзёбии хисороти селхезӣ комиссияи вижа таъсис доданд

© КЧСПоследствия ливней в Таджикистане
Последствия ливней в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Обуна шудан
Гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба манзилҳои сокинони маҳаллӣ барои расонидани кӯмак ва муайян кардани хисорот сафар мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон як комиссияи вижа барои арзёбии хисорот пас аз боришоти шадид таъсис шудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин комиссия, ҳамчунин, раванди рафъи харобиҳо ва расонидани кӯмак ба осебдидагони офатҳои табииро ташкил хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, ин гурӯҳро Матлубахон Сатториён, муовини нахуствазири Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.
"Комиссияи вижа аллакай аз ҷамоати деҳоти осебдидаи шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб дидан кардааст", - афзуд манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир ин гурӯҳ якҷо бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба манзилҳои сокинони маҳаллӣ рафта, кумак ва муайян кардани хисоротро анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 август дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари боришоти шадид дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди деҳаи Ғуломони Лангаришоҳ мегузарад, сел фаромад.
Последствия ливней в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Шумори ҳалокшудагон аз селхезиҳои ахир дар Тоҷикистон ба 17 тан расид
Дар километри 2, 3, 4 ва 18-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор ва километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар минтақаи Варзоб низ зери об мондааст.
Ғайр аз ин 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншоотҳои муҳофизатӣ зарар диданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса комиссияи вижа кор карда, ҳаҷми хисоротро арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0