https://sputnik.tj/20230829/najotdihandagon-jasadi-chor-tanro-vahdat-loy-paydo-1059100167.html
Шумори ҳалокшудагон аз селхезиҳои ахир дар Тоҷикистон ба 17 тан расид
Шумори ҳалокшудагон аз селхезиҳои ахир дар Тоҷикистон ба 17 тан расид
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло комиссияи вижа дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои расонидани кӯмак, хона ба хона гашта, зарари расидаро муаян мекунанд
2023-08-29T10:21+0500
2023-08-29T10:21+0500
2023-08-29T13:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ваҳдат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059100287_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_6cb1614e156a8a97af77ded0b10c91ab.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Теъдоди ҳалокшудагон аз селхезиҳои шаби 27 ба 28 дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.Наҷотдиҳандагон ҷасади чаҳор нафар, аз ҷумла 3 зан ва 1 марди дигарро аз даруни лойобҳо дар шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Ҳамин тариқ,теъдоди фавтидагон дар ин офати табиӣ бо 13 тани аввала ба 17 нафар мерасад. Ба гузориши Кумита, барои бартарафсозии офати табиӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ дар баробари наҷотдиҳандагон ҷалб шуданд. Дар натиҷа хатҳои обгузар, кӯчаву роҳҳо ва инчунин 25 бинои истиқоматӣ аз лою гил тоза карда шуд. Гуфта мешавад, ки роҳи мошингарди Ваҳдат-Рамит низ пурра аз гил ва санг тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ҳоло комиссияи вижа дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои расонидани кӯмак, хона ба хона гашта, зарари расидаро муаян мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки дар боронҳои ахир зарари бештар аз ҳама ба шаҳри Ваҳдат расид.Бар асари селхезии шаби 27 ба 28 август дар ин минтақа 8 марду 3 зан ба ҳалокат расидаанд.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин зиёда аз 100 хонавода муваққатан аз минтақаи офатҳои табиӣ дар Ваҳдат ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шудаанд.Дар феҳрасти минтақаҳои асосии мавзеъҳои осебдида ҷамоати деҳоти ба номи Н. Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит зикр гардидаанд.
https://sputnik.tj/20230828/tojikiston-13-tan-boron-halok-prezident-hamdard-1059076146.html
ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059100287_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_60447829cba615ce878a80f478f69da5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наҷотдиҳандагон ҷасад ваҳдат лой пайдо
наҷотдиҳандагон ҷасад ваҳдат лой пайдо
Шумори ҳалокшудагон аз селхезиҳои ахир дар Тоҷикистон ба 17 тан расид
10:21 29.08.2023 (Навсозишуда: 13:32 29.08.2023) Ҳоло комиссияи вижа дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои расонидани кӯмак, хона ба хона гашта, зарари расидаро муаян мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Теъдоди ҳалокшудагон аз селхезиҳои шаби 27 ба 28 дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Наҷотдиҳандагон ҷасади чаҳор нафар, аз ҷумла 3 зан ва 1 марди дигарро аз даруни лойобҳо дар шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамин тариқ,теъдоди фавтидагон дар ин офати табиӣ бо 13 тани аввала ба 17 нафар мерасад.
"Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд", - афзудааст манбаъ.
Ба гузориши Кумита, барои бартарафсозии офати табиӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ дар баробари наҷотдиҳандагон ҷалб шуданд.
Дар натиҷа хатҳои обгузар, кӯчаву роҳҳо ва инчунин 25 бинои истиқоматӣ аз лою гил тоза карда шуд.
Гуфта мешавад, ки роҳи мошингарди Ваҳдат-Рамит низ пурра аз гил ва санг тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ҳоло комиссияи вижа дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои расонидани кӯмак, хона ба хона гашта, зарари расидаро муаян мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар боронҳои ахир зарари бештар аз ҳама ба шаҳри Ваҳдат расид.
Бар асари селхезии шаби 27 ба 28 август дар ин минтақа 8 марду 3 зан ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин зиёда аз 100 хонавода муваққатан аз минтақаи офатҳои табиӣ дар Ваҳдат ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шудаанд.
Дар феҳрасти минтақаҳои асосии мавзеъҳои осебдида ҷамоати деҳоти ба номи Н. Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит зикр гардидаанд.