https://sputnik.tj/20230821/imzoi-sozishnomahoi-nav-va-davati-maqomoti-chin-ba-dushanbe-1058965977.html
Имзои созишномаҳои нав ва даъвати мақомоти Чин ба Душанбе
Имзои созишномаҳои нав ва даъвати мақомоти Чин ба Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ бо Чинро дар самтҳои нақлиёт, энергетика, саноат, илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва амният зарур медонад
2023-08-21T20:29+0500
2023-08-21T20:29+0500
2023-08-21T20:29+0500
дар тоҷикистон
чин
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
рустам эмомалӣ
имзо
имзои санад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058965780_0:56:1024:632_1920x0_80_0_0_3bb356909a11ecafcc9615ad37616a6b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар доираи сафари расмӣ ба Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи мулоқот кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҷонибҳо ибрози назар намуданд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба сифати муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Чин барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва дӯстии байни мардуми ду давлат мусоидат менамоянд.Ҳамзамон, Рустами Эмомалӣ зимни сӯҳбат ба ҷониби Чин барои дастгирии амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуд.Вай дар ин мулоқот тавсеаи ҳамкориро дар самтҳои нақлиёт, энергетика, саноат, илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва амният зарур шумурд.Дар рафти музокирот зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.Дар ин мулқот қайд карда шуд, ки Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин барои таҳкими муносибатҳои наздику боэътимоди байнидавлатӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ мусоидат менамояд.Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин Чжао Лэтсзиро ба Тоҷикистон даъват кард ва ӯ даъватро пазируфт.Пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳо байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин Созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.Сипас бо ҳузури Рустами Эмомалӣ ва Чжао Лэтсзи маросими имзои санадҳои зерин баргузор гардид:
https://sputnik.tj/20230821/rustam-emomali-shahrdor-pekin-muloqot-1058942289.html
https://sputnik.tj/20230519/zavqizoda-tojikiston-tasisi-korkhona-sanoati-sarmoyai-chin-1057230075.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/15/1058965780_13:0:924:683_1920x0_80_0_0_002b0a47289c4e4420a172fad8229a78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, имзо, созишнома, ҳамкорӣ, чин, душанбе, даъват, мақомот, сиёсат, рустами эмомалӣ
тоҷикистон, имзо, созишнома, ҳамкорӣ, чин, душанбе, даъват, мақомот, сиёсат, рустами эмомалӣ
Имзои созишномаҳои нав ва даъвати мақомоти Чин ба Душанбе
Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ бо Чинро дар самтҳои нақлиёт, энергетика, саноат, илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва амният зарур медонад
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар доираи сафари расмӣ ба Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҷонибҳо ибрози назар намуданд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба сифати муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон ва Чин барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва дӯстии байни мардуми ду давлат мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, Рустами Эмомалӣ зимни сӯҳбат ба ҷониби Чин барои дастгирии амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуд.
Вай дар ин мулоқот тавсеаи ҳамкориро дар самтҳои нақлиёт, энергетика, саноат, илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва амният зарур шумурд.
Дар рафти музокирот зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Дар ин мулқот қайд карда шуд, ки Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин барои таҳкими муносибатҳои наздику боэътимоди байнидавлатӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ мусоидат менамояд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин Чжао Лэтсзиро ба Тоҷикистон даъват кард ва ӯ даъватро пазируфт.
Пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳо байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин Созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Сипас бо ҳузури Рустами Эмомалӣ ва Чжао Лэтсзи маросими имзои санадҳои зерин баргузор гардид:
номаи табодулӣ дар бораи ҷудо намудани кӯмаки молиявии Чин дар ҳаҷми 2 млн доллар барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар Маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон;
номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи "Шаҳри ҳушманд" (Smart city)-и шаҳри Душанбе; сохтмону навсозии роҳ ва 4 эстакадаи нав дар пойтахт, таъмиру навсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин "Кулма-Қаросу", навсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин "Кулма-Қаросу";
санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ, ки ба таври ройгон ҳамчун кӯмак аз ҷониби Ҳукумати Чин ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.