Завқизода: Тоҷикистон ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи Чин манфиатдор аст

© Пресс-служба Минэкономразвития и торговли ртМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки кишвар барои сармоягузорони чинӣ ва дигарон шароити хубе барои сармоягузорӣ фароҳам намуааст
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тавре вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода ахиран дар як мақолаи худ қайд кардааст сармоягузорони чинӣ дар рушди МОИ хеле фаъоланд.
Ба гуфтаи вай, сармоягузории Чин ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар МОИ "Данғара" ва "Панҷ", ки дар онҳо корхонаҳои истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти нафтӣ, нахи пахта, пӯсту пашм, меваҷот ва сабзавот, дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ва бо ҷалб намудани манбаҳои меҳнатии маҳаллӣ таъсис ёфтаанд, равона карда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ - "Данғара", "Панҷ", "Суғд", "Ишкошим" ва "Кӯлоб" фаъолият доранд.
Американские доллары и китайские юани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Чин барои рафъи камбизоатӣ дар Осиёи Миёна миллиардҳо доллар медиҳад
Ҳамзамон Завқи Завқизода қайд кард, ки Тоҷикистон ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо ҷалби сармояи Чин ва таҷрибаи истеҳсолию технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфросохторӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва рақамӣ, содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, омӯзиши мутахассисони тоҷик ва ҷалби сайёҳони чинӣ ба кишвар манфиатдор аст.
Вай илова кард, ки иқтидори мавҷудаи бузурги иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, фазои мусоиди сармоягузорӣ, имтиёзҳо ва афзалиятҳои андозӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави кишвар – ҳамаи ин барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои сармоягузорони чинӣ ва дигарон дурнамои ҳамкориҳоро боз менамояд.
Лентаи хабарҳо
0