Рустами Эмомалӣ бо шаҳрдори Пекин мулоқот кард: тафсилот

© Пресс-служба Высшего собрания ТаджикистанаРустам Эмомали с мэром Пекина
Рустам Эмомали с мэром Пекина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо шаҳрдори Пекин дар натиҷаи музокирот як ёддошти ҳусни тафоҳум, дӯстӣ ва ҳамкориро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо шаҳрдори Пекин Йин Ёнг мулоқот кард.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар оғози сӯҳбат Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос кардааст.
"Ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад, ки ба ҳадафу принсипҳои шарикии стратегӣ мувофиқ аст", - таъкид карда шуд, дар мулоқот.
Ҳамин тариқ, ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин дар бахшҳои гардишгарӣ, маориф, илму фанноварӣ ва беҳдошт изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Илова бар ин, Рустами Эмомалӣ изҳори итминон кард, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бо пойтахти Чин ба густариши минбаъдаи муносибатҳо, тавсеа ва таҳкими равобити иқтисодиву фарҳангӣ такони нав хоҳад бахшид.
Рустами Эмомалӣ дар Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Рустами Эмомалӣ ба пояи муҷассамаи қаҳрамонони миллии Чин дар Пекин гулчанбар гузошт
Дар натиҷаи мулоқот миёни маъмуриятҳои Душанбе ва Пекин ёддошти тафоҳум, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо як сафари расмӣ вориди Пекин шуд.
Ҳамин тариқ, ӯ аллакай ба пояи муҷассамаи қаҳрамонони халқӣ дар майдони Тянанмен гулчанбар гузошта, аз Осорхонаи таърихи Ҳизби коммунисти Чин низ дидан кард.
Лентаи хабарҳо
0