https://sputnik.tj/20230818/pushkov-iqdom-nav-amriko-ukraina-ifsho-1058903394.html
Беҳтар намешавад: Пушков иқдоми нави Амрикоро дар Украина ифшо кард
Беҳтар намешавад: Пушков иқдоми нави Амрикоро дар Украина ифшо кард
Sputnik Тоҷикистон
Барои Вашингтон муҳим аст, ки ҳимояти яккатозияшро аз Киев намоиш диҳад ва инро бояд тавассути додани чанд ҳавопаймо тасдиқ кунад
2023-08-18T11:39+0500
2023-08-18T11:39+0500
2023-10-02T18:34+0500
има
ғарб
русия
украина
сиёсат
дар ҷаҳон
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033114167_0:258:2725:1790_1920x0_80_0_0_30f7ae11acb11cafcdba65a564be6d96.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Тасмими Вашингтон дар бораи интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Украина эҷоди хаёли ҳадафи пуштибонии ИМА аз Киев аст.Дар ин бора сенатор Алексей Пушков дар Telegram-каналии худ изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, вазъ барои Иёлоти Муттаҳида ва Украина "беҳтар намешавад". Аз ин рӯ, интиқоли чанд ҷангандаҳои F-16 "барои эҷоди таваҳҳуми дурнамои низомӣ" барои Киев ва Ғарб тарҳрезӣ шудааст, афзуд вакили парлумон.Қаблан Reuters бо такя ба як намояндаи мақомоти ИМА, ки номаш ошкор нашудааст, хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии насли чаҳоруми F-16-ро аз Дания ва Ҳолланд ба Украина пас аз анҷоми омӯзиши халабонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина тасдиқ кардааст. Як манбаи РИА "Новости" дар Кохи Сафед низ ин хабарро тасдиқ кард.Қаблан огоҳони вазъ гуфтанд, ки интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Киев имкони тағир додани самти низоъро надорад. Таҳлилгарони ҳарбӣ бар ин назаранд, ки ҳатто агар ҳавопаймоҳо дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бошанд ҳам, то оғози истифода аз онҳо моҳҳо мегузаранд ва вазъ дар фронт хеле тез инкишоф меёбад. Илова бар ин, халабонҳои украинӣ дар омӯхтани тарзи парвози ҳавопаймоҳо ба мушкилот дучор мешаванд: надонистани забони англисӣ халал мерасонад.
https://sputnik.tj/20230731/ima-gharb-ukraina-beshtar-metarsad-1058541947.html
има
ғарб
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033114167_0:3:2725:2046_1920x0_80_0_0_1824afe9073d5c9e0e9d9641f9cfbe61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пушков иқдом амрико украина ифшо
пушков иқдом амрико украина ифшо
Беҳтар намешавад: Пушков иқдоми нави Амрикоро дар Украина ифшо кард
11:39 18.08.2023 (Навсозишуда: 18:34 02.10.2023) Барои Вашингтон муҳим аст, ки ҳимояти яккатозияшро аз Киев намоиш диҳад ва инро бояд тавассути додани чанд ҳавопаймо тасдиқ кунад
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Тасмими Вашингтон дар бораи интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Украина эҷоди хаёли ҳадафи пуштибонии ИМА аз Киев аст.
Дар ин бора сенатор Алексей Пушков дар Telegram-каналии худ изҳор дошт.
"Ирсоли ҳавопаймоҳои F-16 ба Украина як қадами муҳими сиёсӣ, аммо бештар рамзӣ аст. Барои ИМА муҳим аст, ки дастгирии якрав аз Украинаро нишон диҳад ва интиқоли чанд ҳавопаймои низомӣ аз тариқи иттифоқчиён, ҳатто агар дар соли оянда ният дошта бошад, ҳамчун тасдиқ хидмат кунад", — навиштааст Пушков.
Ба гуфтаи вай, вазъ барои Иёлоти Муттаҳида ва Украина "беҳтар намешавад".
Аз ин рӯ, интиқоли чанд ҷангандаҳои F-16 "барои эҷоди таваҳҳуми дурнамои низомӣ" барои Киев ва Ғарб тарҳрезӣ шудааст, афзуд вакили парлумон.
Қаблан Reuters бо такя ба як намояндаи мақомоти ИМА, ки номаш ошкор нашудааст, хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии насли чаҳоруми F-16-ро аз Дания ва Ҳолланд ба Украина пас аз анҷоми омӯзиши халабонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина тасдиқ кардааст.
Як манбаи РИА "Новости" дар Кохи Сафед низ ин хабарро тасдиқ кард.
Қаблан огоҳони вазъ гуфтанд, ки интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ба Киев имкони тағир додани самти низоъро надорад.
Таҳлилгарони ҳарбӣ бар ин назаранд, ки ҳатто агар ҳавопаймоҳо дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бошанд ҳам, то оғози истифода аз онҳо моҳҳо мегузаранд ва вазъ дар фронт хеле тез инкишоф меёбад. Илова бар ин, халабонҳои украинӣ дар омӯхтани тарзи парвози ҳавопаймоҳо ба мушкилот дучор мешаванд: надонистани забони англисӣ халал мерасонад.