Шарҳ ва пешгӯии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗаправочные пистолеты на мультизаправочном комплексе АЗС
Заправочные пистолеты на мультизаправочном комплексе АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Хадамоти зидди зиддиинҳисории Тоҷикистон аз болоравии нархи сӯзишворӣ то 1 сентябри соли равон хабар дода, омилҳои ташаккули нархро фаҳмонд
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Аввал қимати бензин ва ба дунболи он газ марҳала ба марҳала боло хоҳанд рафт, иттилоъ доданд иштирокдорони бозори маводи сӯхт дар Тоҷикистон.
Бино ба маълумотҳое, ки ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон”, умдатарин воридкунандаи бензин ба Тоҷикистон, дар ихтиёри Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор додааст, нархи бензин то оғози сентябр боло хоҳад рафт.
Аз ҷумла ,то 1 сентябри соли равон нисбат ба 3 август нархи бензинҳои навъи “АИ-98” 2,2 сомонӣ ё беш аз 19%, “АИ-95” 2,5 сомонӣ ё 26%, “АИ-92” 2 сомонӣ ё наздики 21% ва сӯзишвории дизелӣ 2 сомонӣ ё наздики 6% афзоиш хоҳад ёфт.
“Ин вазъ дар навбати худ болоравии қимати газро ба дунбол дошт, ки онро мо фақат тайи ду моҳи ахир мушоҳида мекунем. Агар то моҳи август қимати 1 литр газ ҳудуди 2,8 – 3 сомонӣ буд, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 16 август аз 4,8 то 5 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд”, - гуфт манбаъ.
В Худжанде объяснили рост цен на топливо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Чаро нархи гази моеъ дар Тоҷикистон гарон шуд?: Шарҳи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт
Ҳарчанд дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта нархи пасттарин 1,4 сомонӣ ё қариби 23% ва нархи баландтарин 1,4 сомонӣ ё наздики 22% коҳиш ёфтааст ва 16 августи соли 2022 нархи фуруши чаканаи гази моеъ 6,2 - 6,4 сомонӣ сари литрро ташкил медод, болоравии нархи газ бидуни баҳс боқӣ хоҳад монд.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-июли соли равон ба кишвар 238,84 ҳазор тон гази моеъ ба маблағи 96,32 миллион доллар бо нархи миёнаи 403 доллар сари як тон ворид карда шудаааст, ки аз ин 76,16%-и воридот ба Қазоқистон, 20,14% - Русия ва 3,70% - Ӯзбекистон рост меояд.
Аз таҳлили маводҳои гумрукӣ бармеояд, ки дар моҳи июли соли равон нархи миёнаи воридоти гази моеъ ба 404 доллар баробар гардидааст, ки дар муқоиса ба моҳи июн 1 доллар ё 0,2% афзоиш ёфтааст.
Бо ин ҳол, тибқи маълумоти Агентии иттилоотии “Аргус”, ки ба мониторинги нархи сӯзишворӣ дар сатҳи ҷаҳон машғул аст, 9 августи соли 2023 нархи миёнаи як тон гази моеъ 323 долларро ташкил додааст, ки нисбат ба 11 январи соли равон 75 доллар ё ба андозаи қариб 19% коҳиш ёфтааст.
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон зиёду нархаш арзон шудааст
Сабабҳои асосии бесуботӣ дар нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон, ноуствор будани арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва тағйири муназзами нархи фаровардаҳои нафтӣ дар давлатҳои истеҳсолкунанда арзёбӣ мешавад.
Ба гунаи мисол, 15 августи соли равон арзиши миёнаи як барел нафти навъи “Brent” 84,88 долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо 14 июли соли ҷорӣ беш аз 5 доллар ё зиёда аз 6% афзудааст.
Дар ин миён аз нимаи дуюми моҳи июни соли ҷорӣ нархи фурӯши чаканаи бензини навъи “АИ-92” дар нуқтаҳои фуруши сӯзишвории Тоҷикистон аз 8,5-8,8 ба 9,5-10 сомонӣ сари литр афзоиш ёфт.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, дар моҳи июни соли равон нархи миёнаи як тон бензин 574 долларро ташкил медод, вале дар нимаи дуюми моҳи июл нархи воридотии як тон навъи бензини “АИ-92” дар “Газпромнефт Тоҷикистон” 674 доллар ва дар охирҳои моҳи июлу аввали моҳи август 770 долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо моҳи июн 196 доллар ё ба андозаи 34% афзоиш ёфтааст.
Ба ҳамин минвол, болоравии нархи бензин афзойиши қимати газро низ ба дунбол хоҳад дошт, зеро фурӯшандагони сӯзишворӣ ба хотири нигаҳ доштани тавозун маҷбур мешаванд фарқияти нархҳоро нигоҳ доранд, то бесуботӣ ба миён наояд.
Лентаи хабарҳо
0