Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон зиёду нархаш арзон шудааст

© Sputnik / Александр ВильфГазовая конфорка
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Обуна шудан
Дар нимсолаи аввали соли равон нархи миёнаи воридотии ҳар тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ба 403 доллар баробар шудааст, ки нисбати соли гузашта арзонтар мебошад
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Беш аз 73%-и гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон аз Қазоқистон ворид гардидааст.
Дар ин бора роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки наздики 25%-и дигар аз Русия ва қариби 2% аз Ӯзбекистон ворид шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар маҷмуъ дар бозори гази моеъи Тоҷикистон дар давоми шашмоҳа 14 субъекти хоҷагидор фаъолият дошта, инҳисор дар ин бахш нест.
Ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар шашмоҳа ба зиёда аз 169 ҳазор тон баробар шуда, маблағи умумияш беш аз 68 млн долларро ташкил додаст.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Русия беш аз 85%-и бозори сӯзишвории Тоҷикистонро таъмин мекунад
Нархи миёнаи воридоти ҳар тонна гази моеъ ба андозаи 15% коҳиш ёфта, аз 476 доллари ҳамин давраи соли гузашта ба 403 доллари нимсолаи аввали соли равон расидаст.
Арзиши миёнаи воридоти гази моеъ дар моҳи июни соли 2023 нисбат ба моҳи январи ҳамин сол 114 доллар ё ба андозаи 22% ва дар муқоиса ба моҳи июни соли гузашта 49 доллар ё ба андозаи 11% камтар мебошад.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид намудаст, ки дар доираи ваколатҳои худ, барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0