https://sputnik.tj/20230817/charo-narkhi-gazi-moe-dar-tojikiston-garon-shud-sharhi-shirkathoi-furushi-mavodi-sukht-1058874643.html
Чаро нархи гази моеъ дар Тоҷикистон гарон шуд?: Шарҳи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт
Чаро нархи гази моеъ дар Тоҷикистон гарон шуд?: Шарҳи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши гази моеъ, ки яке аз умдатарин маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон аст, ахиран марзи 5 – сомониро убур кард
2023-08-17T12:51+0500
2023-08-17T12:51+0500
2023-09-26T16:55+0500
дар тоҷикистон
нарх
гази моеъ
болоравӣ
сӯзишворӣ
нархи қимат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/11/1058873065_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_3a8309e5bfe8de96697e7b0c4cf62f3a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Давоми ду ҳафтаи охир беш аз 35% баланд гуфта мешавад.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегуяд, субҳи имрӯз дар тоблӯи нархномавии аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ тағйирот ворид шуда, нархи фурӯши гази моеъ дар навоҳии Суғд ба 5,3 сомонӣ расидааст.Бино ба гуфти сокинон, қимати фурӯши ин навъ маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Хатлон ва шаҳри Душанбе аз ин ҳам баландтар ва то 5,5 сомонӣ будааст.Соҳибкороне, ки ба фурӯши маводи сӯхт машғуланд, сабаби болоравии нархи гази моеъро ҳаргуна шарҳ медиҳанд. Иброҳим Маҷидов - роҳбари яке аз ширкати чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд сабаби даккахурии нархро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, гароншавии қимати газ аз воридот ва нархи дастраскунии он вобаста аст.Ба ҳисоби газ, қимати бензин ҳам дар чанд рӯзи охир гарон шудааст.Бино ба тоблӯи ширкатҳои чаканафурӯшӣ, алҳол нархи бензини навъи АИ 92 9,8 – 10 сомонӣ, АИ 95 10, 2 -10, 4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 9,8 – 9,9 сомонӣ мебошад.Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ - асосан аз Русия ва Қазоқистон - ворид карда мешавад.Ширкатҳои “Газпром”, “Газойл”, “Се ганҷ”, “Аллат”, ”Суғднефт”, “Роҳи сомон”, “Ориё” аз зумраи ширкатҳои воридкунанда ва яклухтфурӯши маводи сӯхт маҳсуб мешаванд.
https://sputnik.tj/20230804/voridot-gaz-tojikiston-ziyod-narkh-arzon-1058637441.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/11/1058873065_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_5e4920fbd9df5dee30727131b4a4244a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маводи сӯхт, гарон, нарх, болоравӣ, марз, навоҳӣ
тоҷикистон, маводи сӯхт, гарон, нарх, болоравӣ, марз, навоҳӣ
Чаро нархи гази моеъ дар Тоҷикистон гарон шуд?: Шарҳи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт
12:51 17.08.2023 (Навсозишуда: 16:55 26.09.2023) Эксклюзив
Арзиши гази моеъ, ки яке аз умдатарин маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ахиран марзи 5 – сомониро убур кард
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Давоми ду ҳафтаи охир беш аз 35% баланд гуфта мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегуяд, субҳи имрӯз дар тоблӯи нархномавии аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ тағйирот ворид шуда, нархи фурӯши гази моеъ дар навоҳии Суғд ба 5,3 сомонӣ расидааст.
Бино ба гуфти сокинон, қимати фурӯши ин навъ маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Хатлон ва шаҳри Душанбе аз ин ҳам баландтар ва то 5,5 сомонӣ будааст.
Соҳибкороне, ки ба фурӯши маводи сӯхт машғуланд, сабаби болоравии нархи гази моеъро ҳаргуна шарҳ медиҳанд.
Иброҳим Маҷидов - роҳбари яке аз ширкати чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд сабаби даккахурии нархро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, гароншавии қимати газ аз воридот ва нархи дастраскунии он вобаста аст.
“Ширкатҳои яклухтфурӯшӣ пештар ҳар килои газро бар ивази 6 сомонӣ дастрас мекарданд, ҳоло он 7,5 – 8 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёдтар мехарем” – зикр кард, манбаъ.
Ба ҳисоби газ, қимати бензин ҳам дар чанд рӯзи охир гарон шудааст.
Бино ба тоблӯи ширкатҳои чаканафурӯшӣ, алҳол нархи бензини навъи АИ 92 9,8 – 10 сомонӣ, АИ 95 10, 2 -10, 4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 9,8 – 9,9 сомонӣ мебошад.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ - асосан аз Русия ва Қазоқистон - ворид карда мешавад.
Ширкатҳои “Газпром”, “Газойл”, “Се ганҷ”, “Аллат”, ”Суғднефт”, “Роҳи сомон”, “Ориё” аз зумраи ширкатҳои воридкунанда ва яклухтфурӯши маводи сӯхт маҳсуб мешаванд.