https://sputnik.tj/20230816/fadeev-zaboni-rusi-kudakon-sinni-tomaktabii-muhojiron-1058863716.html
Фадеев хостори таълими забони русӣ ба фарзандони муҳоҷирон аз ҳисоби давлат шуд
Фадеев хостори таълими забони русӣ ба фарзандони муҳоҷирон аз ҳисоби давлат шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Русия номақбул хонд, ки кӯдакон бо сатҳи пасти дониши забони русӣ ба макотиби миёнаи кишвар қабул карда шаванд
2023-08-16T20:34+0500
2023-08-16T20:34+0500
2023-08-17T12:55+0500
дар русия
муҳоҷират
таълим
забони русӣ
ҳуқуқи инсон
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/10/1044188546_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_3fbb6b6d5b29f0a47a01759131878ef4.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ба кӯдакони муҳоҷирон бояд қабл аз рафтанашон ба мактаб дар марказҳои махсус забони русӣ омӯзонида шаванд, пешниҳод кард раиси Шӯрои ҳуқуқи башар дар Русия, Валерий Фадеев. Ӯ зимни нишасти хабарӣ дар маркази байналмилалии матбуотии "Россия сегодня" бо таъкиди ин пешниҳод изҳор дошт, ки қабули кӯдакони дорои дониши нокифояи забони русӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қобили қабул нест. Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия таъкид намуд, ки дар қонунгузории Русия бояд ду ҳолат мушаххас шаванд. "Якум қабул накардани кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд ва ҳамин қонун бояд таълими забони русиро дар маркази махсусгардонидашуда талаб кунад, на рад", - гуфт Фадеев. Вай таъкид намуд, ки аз ҳамин восита бояд меъёри Конститутсия риоя карда шавад, яъне кӯдак бо таълим фаро гирифта шавад, имконият фароҳам гардид, ки ӯ дар сатҳи зарурӣ дар мактаб таҳсил намояд. Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия тавзеҳ дод, ки дар марказҳои вижа ба кӯдакони муҳоҷир бояд забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ омӯзонанд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки ташкили чунин марказҳо то 1 сентябри соли 2024 воқеӣ мебошад. "Пешниҳод вуҷуд доранд, ки ин марказҳо тиҷоратӣ бошанд, ки ман ба ин бовар надорам. Ин тасмим ба даъвати муҳоҷирон рабт дорад. Ҳангоми даъвати муҳоҷирон, агар мо бар инем, ки кишварамон ба онҳо эҳтиёҷ дорад, пас бояд аз ҳисоби давлат кӯдаконашонро таълим диҳем", - гуфт ӯ. Вай таъкид намуд, ки бор кардани хароҷоти иловагӣ ба дӯши муҳоҷирони корӣ чандон одилона нества ин мавқеяш мебошад. Ба гуфтаи Фадеев афзуд, ин пешниҳодро Вазорати таълими кишвар дастгирӣ кардааст.Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз кишварҳои собиқ шӯравӣ миллионҳо нафар аз кишварҳои дуру наздик барои пайдо кардани рӯзияшон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ мешаванд ва бархеи онҳо бо кӯдаконашон ба ин кишвар меоянд.
https://sputnik.tj/20230809/afzoishi-muhojirati-zanoni-tojik-khorij-1058725422.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/10/1044188546_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_cf9f99a5acb459432bae78169eff5292.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯдакон, забон, донистан, намепазиранд, номақбул
кӯдакон, забон, донистан, намепазиранд, номақбул
Фадеев хостори таълими забони русӣ ба фарзандони муҳоҷирон аз ҳисоби давлат шуд
20:34 16.08.2023 (Навсозишуда: 12:55 17.08.2023) Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Русия номақбул хонд, ки кӯдакон бо сатҳи пасти дониши забони русӣ ба макотиби миёнаи кишвар қабул карда шаванд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ба кӯдакони муҳоҷирон бояд қабл аз рафтанашон ба мактаб дар марказҳои махсус забони русӣ омӯзонида шаванд, пешниҳод кард раиси Шӯрои ҳуқуқи башар дар Русия, Валерий Фадеев.
Ӯ зимни нишасти хабарӣ дар маркази байналмилалии матбуотии "Россия сегодня" бо таъкиди ин пешниҳод изҳор дошт, ки қабули кӯдакони дорои дониши нокифояи забони русӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қобили қабул нест.
"Қонун иҷозат намедиҳад, ки кӯдакон ба мактаб қабул нашаванд, пас қонун бояд тағйир дода шавад", - гуфт вай.
Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия таъкид намуд, ки дар қонунгузории Русия бояд ду ҳолат мушаххас шаванд.
"Якум қабул накардани кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд ва ҳамин қонун бояд таълими забони русиро дар маркази махсусгардонидашуда талаб кунад, на рад", - гуфт Фадеев.
Вай таъкид намуд, ки аз ҳамин восита бояд меъёри Конститутсия риоя карда шавад, яъне кӯдак бо таълим фаро гирифта шавад, имконият фароҳам гардид, ки ӯ дар сатҳи зарурӣ дар мактаб таҳсил намояд.
Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия тавзеҳ дод, ки дар марказҳои вижа ба кӯдакони муҳоҷир бояд забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ омӯзонанд.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки ташкили чунин марказҳо то 1 сентябри соли 2024 воқеӣ мебошад.
"Пешниҳод вуҷуд доранд, ки ин марказҳо тиҷоратӣ бошанд, ки ман ба ин бовар надорам. Ин тасмим ба даъвати муҳоҷирон рабт дорад. Ҳангоми даъвати муҳоҷирон, агар мо бар инем, ки кишварамон ба онҳо эҳтиёҷ дорад, пас бояд аз ҳисоби давлат кӯдаконашонро таълим диҳем", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки бор кардани хароҷоти иловагӣ ба дӯши муҳоҷирони корӣ чандон одилона нества ин мавқеяш мебошад.
Ба гуфтаи Фадеев афзуд, ин пешниҳодро Вазорати таълими кишвар дастгирӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз кишварҳои собиқ шӯравӣ миллионҳо нафар аз кишварҳои дуру наздик барои пайдо кардани рӯзияшон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ мешаванд ва бархеи онҳо бо кӯдаконашон ба ин кишвар меоянд.