Афзоиши муҳоҷирати занони тоҷик ба хориҷ: Омор

© SputnikЖара в Душанбе
Жара в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бино бар сабабҳои гуногун муҳоҷирати занон ба кишварҳои хориҷ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар зарфи 6 моҳи соли равон 89 ҳазору 493 нафар занон Тоҷикистонро тарк кардаанд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода.
“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ки он замон 57 ҳазору 451 нафар занон ба муҳоҷират рафта буданд, тавре ки мебинем, ин нишондиҳанда хеле зиёд шудааст”, - таъкид кард ӯ.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон сабаби аслии ин тамоюлро ба интизории тӯлонӣ кашидан аз шавҳаронашон донист.
Вай гуфт бисёре аз занон аз интизории тӯлонии шавҳаронашон, ки маҷбуранд дар Русия кор кунанд, бо мушкилот ва нороҳатиҳо рӯбарӯ мешаванд.
Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сахарово  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Маълум шуд дар Маркази “Сахарово” чанд муҳоҷири тоҷик нигаҳдорӣ мешавад: Занон ҳам ҳаст
Хонум Қурбонзода бар он аст, ки агар шавҳарон пас аз муҳоҷират бештар ба назди хонаводаҳояшон бармегаштанд, шояд теъдоди занони хоҳишманди ба хориҷа рафтан бамаротиб камтар мешуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон илова кард, ки сабаби дигари афзоиши теъдоди занони муҳоҷир аз Тоҷикистон дарёфти кор барои модарони танҳо аст.
Вай илова кард, ки ҷойҳои кории холии дастрас дар дохили кишвар аксар вақт барои ин занон ҷолиб нестанд. Ба гуфтаи занҳо, маош аксаран нокофӣ буда, онҳоро водор мекунад, ки ба муҳоҷират бираванд.
Лентаи хабарҳо
0