Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВКД Русия се фармондеҳи артиши Украинаро дар пайгард қарор дод

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкНашивка на рукаве сотрудника полиции в России, архивное фото
Нашивка на рукаве сотрудника полиции в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Фармондеҳони аршади Қувваҳои мусаллаҳи Украина дар тирборони қаламрави ҶМД, ҶМЛ ва манотиқи озодшуда муттаҳам мешаванд, ки дар пай қурбониҳои зиёд дошт
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия се фармондеҳи низомии Украинаро, ки дар тирборон кардани Донбасс муттаҳам мешаванд, дар ҷустуҷӯ қарор додааст.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба пойгоҳи ҷустуҷӯйии вазорат хабар медиҳад.
Моҳи июл Кумитаи тафтишоти Русия се раҳбари низомии Украина, аз ҷумла - Евгений Мойсюк, фармондеҳи собиқи нерӯҳои десантиро барои тирборон кардани мавзеъҳои аҳолинишини Донбасс аз ҷониби воҳидҳои ӯ, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар кушта ва захмӣ шуданд, муттаҳам карда буд.
Ба ҷуз Мойсюк, алайҳи фармондеҳи собиқи гурӯҳи оперативӣ-тактикии "Восток" Игор Палахнюк, сардори ситоди муштараки оперативӣ дар минтақаи ҶФО Андрей Ковалчук низ айбнома эълон шудааст.
Разминирование территории комбината Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Низомиёни Украина Донетскро тирборон карданд
"Асоси кофтукоб: тибқи моддаи Кодекси ҷиноӣ таҳти пайгард қарор доранд", - гуфта мешавад дар маълумотномаи ҳар се низомиён.
Тавре ки намояндагии ҶМД дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба ҷиноятҳои ҷангии Украина моҳи апрели соли равон хабар дод, аз феврали соли 2022 бар асари тирпарронии режими Киеви ҶМД, ҶМЛ ва дар манотиқи озодшуда 4600 ғайринизомӣ, аз ҷумла 134 кӯдак ҷон бохтааст.
Намояндагии РХБ дар охири моҳи феврали соли 2022 дар натиҷаи тирборон кардани қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби нерӯҳои Украина 192 нафар, аз ҷумла 22 кӯдак ба ҳалокат расида, 465 нафар шаҳрвандони осоишта ҷароҳат бардоштанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи фармондеҳи собиқи нерӯҳои заминии артиши Украина Сергей Попко ғоибона айб эълон кардааст. Кумита ӯро масъули ҳамлаҳо ба маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳуриҳои Донбасс медонад.
Пожар в жилом доме в Киевском районе Донецка, разрушенном в результате обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нависандаи амрикоӣ воқеаҳои Донбассро бо се калима тасвир кардааст
Мувофиқи маълумоти мақомот, дар натиҷаи қарорҳои Попко зиёда аз 180 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла бачагону наврасон куштаву ярадор шуданд.
Моҳи май вазорати корҳои дохилӣ се генерали украиниро дар ҷустуҷӯ қарор дод, ки инҳо - муовини аввали раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина Игор Колесник, муовини раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ Александр Локот ва муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Украина Андрей Гришенко мебошанд.
Онҳо дар куштори беш аз 500 сокини Донбасс муттаҳам мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0