Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Низомиёни Украина Донетскро тирборон карданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкРазминирование территории комбината "Азовсталь" в Мариуполе
Разминирование территории комбината Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Нерӯҳои Украина ҳамоно тирборон кардани навоҳии Донетскро идома медиҳанд. Онҳо дар ин ҳуҷумҳо аз аслиҳаи сохти кишварҳои аъзои НАТО истифода мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Нерӯҳои Украина ба як қатор навоҳии Донетск боз 12 тири калибри 155 миллиметрии НАТО партоб карданд, хабар медиҳад намояндагии ҶМД дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба ҷиноятҳои ҷангии Украина.
"Аз ҷониби ГМУ (гурӯҳҳои мусаллаҳи Украина — шарҳ аз идора) дар самти: 13.40 — деҳаи Нетайлово — шаҳри Донетск (ноҳияи Куйбишев) партоби шаш снаряд ба қайд гирифта шуд: шаш снаряд бо калибри 155 миллиметри дигар ба деҳаи Максимиляновкаи шаҳри Донетск партоб шуд", - омадааст дар хабарномаи намояндагӣ.
Дар баробари ин, нерӯҳои украинӣ ба Пантелеймоновка ҳафт снаряди 152 миллиметрӣ партоб карданд.
Ноҳияи Куйбишеви Донетск дар қисмати ғарбии шаҳр ҷойгир аст. Ноҳияи Петровскийи Донетск дар канори ғарбии маркази маъмурии ҶМД ҷойгир буда, ин дуртарин қисмати шаҳр аз марказ аст.
Военнослужащие МО РФ выполняют боевые задачи в Харьковской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина барои ҳамла ба Луганск аз мушакҳои Бритониё истифода кард - Вазорати дифои Русия
Аз соли 2014, замоне, ки ҶМД истиқлолияти худро аз Киев эълон кард, ин минтақа пайваста аз ҷониби нерӯҳои амниятии Украина тирборон мешавад.
Артиллерияи калибри 155 миллиметриро мамлакатҳои НАТО истифода мебаранд. Иёлоти Муттаҳида ба Киев гаубитсаҳои дурпарвози M777-и калибри 155-мм-ро дод, нирӯҳои украинӣ аз онҳо барои тирборон кардани шаҳрҳои Донетск ва Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск фаъолона истифода мекунанд.
Кори "Аллигатор”- ҳои Русия дар минтақаи амалиёти вижа – видео вазорати дифоъ
Ҳамчунин, нерӯҳои украинӣ бо тупҳои худгарди олмонии PzH 2000, лаҳистонии САУ Krab CEESAR-и Фаронса бо истифода аз снарядҳои ин калибр таъмин карда шуданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз таҳти таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0