https://sputnik.tj/20230501/navisanda-amrikoi-voqeahoi-donbass-tasvir-1056792393.html
Нависандаи амрикоӣ воқеаҳои Донбассро бо се калима тасвир кардааст
Нависандаи амрикоӣ воқеаҳои Донбассро бо се калима тасвир кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигори амрикоӣ, амалкарди Украина дар Донбассро терроризм ва наслкушии давомдор арзёбӣ кард. 01.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-01T13:05+0500
2023-05-01T13:05+0500
2023-05-01T13:30+0500
донбасс
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
донбасс
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046395946_0:154:3093:1894_1920x0_80_0_0_0b41585bc8ffc400ba69a3571ee218db.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Клейтон Моррис, рӯзноманигори амрикоӣ ва барандаи барномаи Redacted News гуфтааст, ки аъмоли Украина дар Донбасс аз соли 2014 ба ин сӯро метавон “терроризм ва наслкушии давомдор” номид. Вай ҳамчунин қайд кард, ки низоъ дар Украина маҳз замоне оғоз шуд, ки артиллерияи украинӣ дар соли 2014 ба мардуми осоишта дар Донбасс ҳамла кард. Ба гуфтаи ӯ, инро танҳо "бесавод" дарк карда наметавонад. Баранда таъкид кард, ки дар ахиран нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба Донетск ва вилояти Запороже ҳамла карда, манотиқи маскуниро ҳадаф қарор доданд, ки дар он иншооти низомӣ вуҷуд надорад. Ӯ ёдовар шуд, ки бар асари ҳамлаи ҷангиён мардуми осоишта кушта шуданд. Ҳамзамон расонаҳои ғарбӣ "якчанд ҳамлаҳои густурдаи маргбор аз Украинаро нодида гирифтанд",- гуфт Моррис. "Шумо инро дар телевизиони асосӣ нахоҳед дид",- гуфт ӯ. Аз соли 2014 артиши Украина пайваста Донбассро тирборон мекунад.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 барои хотима додани аъмоли Киев амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.
https://sputnik.tj/20230118/putin-rusiya-jang-donbass-khotima-1054317893.html
украина
донбасс
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046395946_182:0:2911:2047_1920x0_80_0_0_b3eb0b0a98870aa9577f6e46b7b9e9d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донбасс, украина, донбасс, дар русия, сиёсат
донбасс, украина, донбасс, дар русия, сиёсат
Нависандаи амрикоӣ воқеаҳои Донбассро бо се калима тасвир кардааст
13:05 01.05.2023 (Навсозишуда: 13:30 01.05.2023) Рӯзноманигори амрикоӣ, амалкарди Украина дар Донбассро терроризм ва наслкушии давомдор арзёбӣ кард.
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Клейтон Моррис, рӯзноманигори амрикоӣ ва барандаи барномаи Redacted News гуфтааст, ки аъмоли Украина дар Донбасс аз соли 2014 ба ин сӯро метавон “терроризм ва наслкушии давомдор” номид.
"Ин аст он чизе ки дар Донетск аз соли 2014 ба ин сӯ рух медиҳад. "Наслкушӣ ва терроризми пайваста", - гуфт баранда дар бораи ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба маҳалҳои аҳолинишин.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки низоъ дар Украина маҳз замоне оғоз шуд, ки артиллерияи украинӣ дар соли 2014 ба мардуми осоишта дар Донбасс ҳамла кард.
Ба гуфтаи ӯ, инро танҳо "бесавод" дарк карда наметавонад.
Баранда таъкид кард, ки дар ахиран нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба Донетск ва вилояти Запороже ҳамла карда, манотиқи маскуниро ҳадаф қарор доданд, ки дар он иншооти низомӣ вуҷуд надорад.
Ӯ ёдовар шуд, ки бар асари ҳамлаи ҷангиён мардуми осоишта кушта шуданд.
Ҳамзамон расонаҳои ғарбӣ "якчанд ҳамлаҳои густурдаи маргбор аз Украинаро нодида гирифтанд",- гуфт Моррис.
"Шумо инро дар телевизиони асосӣ нахоҳед дид",- гуфт ӯ.
Аз соли 2014 артиши Украина пайваста Донбассро тирборон мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 барои хотима додани аъмоли Киев амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.