Толибзода: Бонкдории исломӣ ба низоми бонкӣ таъсири мусбӣ мерасонад

© БМТФирдавс Толибзода, муовини яккуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Фирдавс Толибзода, муовини яккуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Обуна шудан
Муовини раиси Бонки милии Тоҷикистон мегӯяд, ки нишондиҳандаҳои бонкдории исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон тамоюли зиёдшавӣ доранд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Нишондиҳандаҳои бонкдории исломӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд ва дороиҳои ташкилотҳои исломӣ 264 млн сомониро ташкил додааст, гуфт муовини яккуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода
Ҳамчунин бонкдор қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир уҳдадориҳои Бонкидории исломӣ ба 131 млн сомони ва сармояи онҳо ба 133 млн сомонӣ расидааст.
“Ин нишондиҳандаҳо тамоюли зиёдшавӣ доранд”, - таъкид кард Фирдавс Толибзода.
Ба гуфтаи муовини якуми раиси Бонки миллӣ бонкдории исломӣ як низоми иловагӣ барои пешниҳод кардани хизматрасониҳо молиявӣ ба аҳолӣ мебошад.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Тоҷикистон муомилоти молро бо рубл ва сомонӣ афзоиш медиҳад
“Айни ҳол аз ҷониби як чанд бонку ташкилоти амонатии қарзии хурд санад барои табдил ба бонкдории исломӣ пешниҳод карда шудааст”, - қайд кард бонкдор.
Вай илова кард, ки гирифтани иҷозатнома ба хусус табдилёбӣ, як раванди муайянро талаб мекунад, ки БМТ бояд мутобиқатии ҳуҷҷатҳо ва тартибе, ки пешбинӣ шудааст онро амалӣ намояд.
Оқои Толибзода афзуд, ки бо гирифтани иҷозатномаҳо нишондиҳандаҳо вобаста ба бонкдории исломӣ ба низоми бонкӣ таъсири мусбӣ хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0