Тоҷикистон муомилоти молро бо рубл ва сомонӣ афзоиш медиҳад

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Обуна шудан
Сардори Раёсати омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти омориро дар бораи гардиши мол дар шаш моҳи соли 2023 ироа кард
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тоҷикистон нисфи тиҷорати хориҷии худро бо рубл анҷом медиҳад.
Дар ин бора Бахтиёр Баҳриддинов, сардори Раёсати омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Вай ҳамчунин ба афзоиши муомилоти мол дар Тоҷикистон бо пули миллӣ ишора кард.

"Дар шаш моҳи соли 2023 47%-и муомилоти тиҷорати хориҷӣ бо рубли русӣ пардохта шудааст",- афзуд Баҳриддинов.

Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, саҳми сомонӣ дар тиҷорати хориҷӣ 47%- ро ташкил медиҳад/
Қаблан Ашӯрбой Солеҳзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки Русия шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.
Ашурбой Солеҳзода, муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Русия ҳамоно шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон
Дар шаш моҳи соли 2023 гардиши мол миёни ду кишвар 24,8%-ро ташкил додааст.
Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 6 моҳ 3,4 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8% ё 98,2 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо рублу сомонӣ бо Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин, Абхозистон ва дигар кишварҳо тиҷорат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0