https://sputnik.tj/20230811/tojikiston-strategiya-hifzi-huquq-insonro-qabul-tafsilot-1058762233.html
Тоҷикистон стратегияи ҳифзи ҳуқуқи инсонро қабул кард - тафсилот
Тоҷикистон стратегияи ҳифзи ҳуқуқи инсонро қабул кард - тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Санади қонунгузорӣ ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мусоидат хоҳад кард, қайд кард дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон 11.08.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-08-11T09:45+0500
2023-08-11T09:45+0500
2023-08-11T20:25+0500
дар тоҷикистон
ҳуқуқи инсон
стратегия
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103081/43/1030814349_0:85:1616:994_1920x0_80_0_0_7ff115d801554cb5715005475524824c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тасвиб шуд. Дар ин бора дар дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки дар санад маҷмӯи тадбирҳо пешбинӣ шудааст, ки татбиқи онҳо то соли 2038 ба таҳким ва рушди озодиҳои инсон дар кишвар мусоидат мекунад. Ба иттилои манбаъ, стратегия аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт, тавсияҳои муассисаҳои СММ, инчунин Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул шудааст. Интизор меравад, ки ин санад ба ташаккули муносибати эҳтиромона нисбати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд. Қаблан ҳукумати Тоҷикистон воридоти мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшударо манъ карда буд. Ҳуҷҷат аз 2 октябри соли 2023 эътибор пайдо мекунад. Дар чаҳорчӯби қарори ҳукумат, Хадамоти гумруки Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иҷрои ин қонунро назорат мекунад.
https://sputnik.tj/20230622/imzoi-chand-qonuni-muhim-emomali-rahmon-1057858583.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103081/43/1030814349_88:0:1528:1080_1920x0_80_0_0_e1387a2d27c93f6dd4bbd2c2dffad999.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳуқуқи инсон, стратегия, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, ҳуқуқи инсон, стратегия, иҷтимоъ
Тоҷикистон стратегияи ҳифзи ҳуқуқи инсонро қабул кард - тафсилот
09:45 11.08.2023 (Навсозишуда: 20:25 11.08.2023) Санади қонунгузорӣ ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мусоидат хоҳад кард, қайд кард дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тасвиб шуд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки дар санад маҷмӯи тадбирҳо пешбинӣ шудааст, ки татбиқи онҳо то соли 2038 ба таҳким ва рушди озодиҳои инсон дар кишвар мусоидат мекунад.
Ба иттилои манбаъ, стратегия аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт, тавсияҳои муассисаҳои СММ, инчунин Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул шудааст.
"Ҳуҷҷат воситаи муассири татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ мебошад", - таъкид кард манбаъ.
Интизор меравад, ки ин санад ба ташаккули муносибати эҳтиромона нисбати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Қаблан ҳукумати Тоҷикистон воридоти мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшударо манъ карда буд.
Ҳуҷҷат аз 2 октябри соли 2023 эътибор пайдо мекунад. Дар чаҳорчӯби қарори ҳукумат, Хадамоти гумруки Тоҷикистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иҷрои ин қонунро назорат мекунад.