Имзои чанд қонуни муҳим аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Обуна шудан
Мақомот мегӯяд, қонунҳои баимзорасида барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба якчанд қонунҳо имзо гузошт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, қонунҳо “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи таъмини ченаки ягона” , “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки қонуни Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, сода намудан ва ба таври электронӣ гирифтани ин ҳуҷҷатҳо, таъмини шаффофияти раванди иҷозатдиҳӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳамчунин ба қонуни номбурда Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда замима гардидааст, ки дар он ҳама намуди фаъолият, ки барои онҳо иҷозат дода мешавад ва маблағҳои пардохтшаванда барои гирифтани ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудааст.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Раҳмон имзо кард: Тоҷикистон ба низоми ғайринақдии пардохт мегузарад
Инчунин, ба қонун “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мувофиқи онҳо амали Қонуни номбурда то якуми январи соли 2024 дароз карда шудааст.
Вобаста ба ин, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боз як имконият дода шудааст, ки дороиҳо ва маблағҳои худро то 1 январи соли 2024 қонунӣ гардонанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон қонунҳои баимзорасида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, рушди ҳуҷҷатҳои электронӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи табиат, бунёди ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.
Таъкид шудааст, ки матни қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0