https://sputnik.tj/20230811/mushkil-makotib-sughd-1058758355.html
Камбуди синфхонаҳо ва таҳсил дар басти сеюм: мушкили макотиби Суғд кай ҳал мешавад?
Камбуди синфхонаҳо ва таҳсил дар басти сеюм: мушкили макотиби Суғд кай ҳал мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҳисоби норасоии синфхонаҳо шуморе аз хонандагони вилояти Суғд соли хонишро бо мушкилӣ - дар басти сеюми таҳсил ба охир расонидаанд
2023-08-11T09:03+0500
2023-08-11T09:03+0500
2023-08-11T20:24+0500
маориф
дар тоҷикистон
суғд
таҳсил
мушкилот
синф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056695242_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_776c8e0634b1f4194117d23e0dff700e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар соли хониши 2022 - 2023 315 хонандагон дар макотиби вилояти Суғд дар басти сеюм таҳсил кардаанд. Дар ин бора, сардори Раёсати маориф дар вилояти Суғд Мадина Набизода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, гузориш медиҳад Sputnik Тоҷикистон.Ӯ гуфт, ки соли хониши сипаришуда дар чанд макотиби вилоят таҳсил дар басти сеюм доир шуду ин мушкил дар кадом шаҳру навоҳии Суғд ҷой дошт. Набизода изҳор намуд, ки дар соли хониши 2022 - 2023 дар умум 315 хонанда дар чунин макотиб дар басти сеюм таҳсил кардаанд. Бино ба маълумоти ӯ, зимнан ягон мактабе боқӣ намондааст, ки ба пуррагӣ таҳсил дар басти сеюм роҳандозӣ шуда бошад, балки аз сабаби норасоии синфхонаҳо ва зиёд будани шумори аҳолӣ дар чанде аз синфхона таҳсили басти сеюм доир карда шудааст. Сардори Раёсати маориф афзуд, алҳол дар чунин макотиб сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дошта, онҳо талош мекунанд, ки дар соли хониши 2023 – 2024 таҳсили ягон хонанда дар басти сеюм гузаронида нашавад. Мақомоти Хатлон: 119 мактаб дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд Бар пояи маълумоти расмӣ ҳоло дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 571 729 нафар, аз ҷумла 280 773 нафар духтарон бо таълим фаро гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20230801/tojikiston-chand-muallim-khonanda-dorad-1058566529.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056695242_336:0:3067:2048_1920x0_80_0_0_15080731cd2b2454ea67f726c938cfcc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
макотиб, суғд, мушкил
Камбуди синфхонаҳо ва таҳсил дар басти сеюм: мушкили макотиби Суғд кай ҳал мешавад?
09:03 11.08.2023 (Навсозишуда: 20:24 11.08.2023) Аз ҳисоби норасоии синфхонаҳо шуморе аз хонандагони вилояти Суғд соли хонишро бо мушкилӣ - дар басти сеюми таҳсил - ба охир расонидаанд
ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Дар соли хониши 2022 - 2023 315 хонандагон дар макотиби вилояти Суғд дар басти сеюм таҳсил кардаанд.
Дар ин бора, сардори Раёсати маориф дар вилояти Суғд Мадина Набизода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, гузориш медиҳад Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ гуфт, ки соли хониши сипаришуда дар чанд макотиби вилоят таҳсил дар басти сеюм доир шуду ин мушкил дар кадом шаҳру навоҳии Суғд ҷой дошт.
“Дар мактаби № 30 -и Деваштич 5 синфхона, дар мактаби №47 шаҳри Исфара, дар мактаби № 40 -и Панҷакент, мактаби № 21 ноҳияи Ҷаббор Расулов ва мактаби № 46 -и Истаравшан ду синфхонаӣ ҷамъ дар 13 синфхона таҳсил дар басти сеюм гузаронида шудааст” – гуфт, сардори Раёсати маориф.
Набизода изҳор намуд, ки дар соли хониши 2022 - 2023 дар умум 315 хонанда дар чунин макотиб дар басти сеюм таҳсил кардаанд.
Бино ба маълумоти ӯ, зимнан ягон мактабе боқӣ намондааст, ки ба пуррагӣ таҳсил дар басти сеюм роҳандозӣ шуда бошад, балки аз сабаби норасоии синфхонаҳо ва зиёд будани шумори аҳолӣ дар чанде аз синфхона таҳсили басти сеюм доир карда шудааст.
Сардори Раёсати маориф афзуд, алҳол дар чунин макотиб сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дошта, онҳо талош мекунанд, ки дар соли хониши 2023 – 2024 таҳсили ягон хонанда дар басти сеюм гузаронида нашавад.
Бар пояи маълумоти расмӣ ҳоло дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 571 729 нафар, аз ҷумла 280 773 нафар духтарон бо таълим фаро гирифта шудаанд.