Тоҷикистон чанд мактабу хонанда дораду чанд омӯзгор намерасад?

© AFP 2023 / XAVIER LEOTYУчитель во время урока. Архивное фото
Учитель во время урока. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, ки барои таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо омӯзгорони касбӣ корбариро таҳким бахшидаст
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Идораҳои маорифи шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар соли таълими гузашта аз норасоии наздики 3,5 ҳазор омӯзгор ҳисобот додаанд.
Дар ин бора роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки асосан омӯзгорони фанҳои дақиқ, аз қабили математика ва физика намерасанд.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки дар маҷмуъ шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ беш аз 126,3 ҳазор нафарро ташкил додаст, ки аз ин наздики 82 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи умумии хонандагон дар Тоҷикистон бошад беш аз 2,2 млн нафар ҳисоб шудааст, ки аз ин наздики 1,1 млн-ро духтарон ташкил медиҳанд.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Дар Хатлон аз камбуди шадиди мактабҳо гуфтанд
Теъдоди духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар муқоиса бо писарон тақрибан 74 ҳазор нафар камтар мебошад.
Вазорати маориф ҳамчунин сифати таълим аз худкунии барномаҳои таълимиро дар мактабҳои кишвар арзёбӣ кардаст.
Ба иттилои ин ниҳод, азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 99,8 % баробар мебошад, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли таълими пешӣ 0,2% зиёд мебошад.
Ҳамчунин соли таҳсили 2022-2023 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ наздики 4 ҳазор ададро ташкил додаст, ки аз ин 301 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 431 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3235 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Теъдоди муассисаҳои типи нав 159 адад, аз ҷумла 76 гимназия ва 83 литсей ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 27 адад зиёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0