https://sputnik.tj/20230807/maqomot-khatlon-maktab-mavzehoi-khavfnok-joygir-1058691791.html
Мақомоти Хатлон: 119 мактаб дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд
Мақомоти Хатлон: 119 мактаб дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон мегӯяд, ки бештари муассисаҳои таълимие, ки зери хавф қарор доранд, дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Кӯлоб ва Панҷ қарор доранд
2023-08-07T18:36+0500
2023-08-07T18:36+0500
2023-08-07T20:20+0500
дар тоҷикистон
хатлон
маориф
мактаб
хавф
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102918/57/1029185707_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_fa98508927f5f0aebf5bc709393d908b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар вилояти Хатлон 119 муассисаи таълимӣ дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадзода Ҷамшед.Ба гуфтаи вай, дар ин мактабҳо 56 ҳазору 326 хонанда таҳсил мекунад.“Аз 119 мактабе, ки дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд, 49 ададашон дар минтақаи Бохтар ва 70 адади дигараш дар минтақаи Кӯлоб мебошанд, ки ба онҳо офатҳои табиӣ, аз қабили ярч, сел ва дигар офатҳо таҳдид мекунанд”, - қайд кард оқои Маҳмадзода. Ҳамзамон, дар ин нишасти матбуотӣ сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, афзуд, ки бештари муассисаҳои таълимие, ки зери хавф қарор доранд, дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод 31 адад, Кӯлоб 20 адад, Панҷ 12 адад, Шамсиддин Шоҳин 7 адад, Қӯшониён 6 адад, Норак, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ ва Балҷувон 5 ададианд. Зикр гардидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зери хавф қарордоштаи вилояти Хатлон 56 ҳазору 326 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20230804/hushdor-rais-viloyati-khatlon-izofanavisi-qochoq-pakhta-1058649481.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102918/57/1029185707_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_8f082a480d72a38eac7dfe6a2161345f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, маориф, мактаб, хавфнок, ҷойгир, таҳсил
тоҷикистон, хатлон, маориф, мактаб, хавфнок, ҷойгир, таҳсил
Мақомоти Хатлон: 119 мактаб дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд
18:36 07.08.2023 (Навсозишуда: 20:20 07.08.2023) Мақомоти Хатлон мегӯяд, ки бештари муассисаҳои таълимие, ки зери хавф қарор доранд, дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Кӯлоб ва Панҷ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар вилояти Хатлон 119 муассисаи таълимӣ дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадзода Ҷамшед.
Ба гуфтаи вай, дар ин мактабҳо 56 ҳазору 326 хонанда таҳсил мекунад.
“Аз 119 мактабе, ки дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд, 49 ададашон дар минтақаи Бохтар ва 70 адади дигараш дар минтақаи Кӯлоб мебошанд, ки ба онҳо офатҳои табиӣ, аз қабили ярч, сел ва дигар офатҳо таҳдид мекунанд”, - қайд кард оқои Маҳмадзода.
Ҳамзамон, дар ин нишасти матбуотӣ сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, афзуд, ки бештари муассисаҳои таълимие, ки зери хавф қарор доранд, дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод 31 адад, Кӯлоб 20 адад, Панҷ 12 адад, Шамсиддин Шоҳин 7 адад, Қӯшониён 6 адад, Норак, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ ва Балҷувон 5 ададианд.
Зикр гардидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зери хавф қарордоштаи вилояти Хатлон 56 ҳазору 326 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.