ТОП – 10 ва фарозу нишеби содироти маҳсулоти кишоварзӣ

© Sputnik / Артур Лебедев / Гузариш ба медиабонкПродуктовая ярмарка
Продуктовая ярмарка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Содироти маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ тайи ним соли гузашта ҳамроҳ бо бархе таҳаввулот буд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар ин миён содироти бархе намуди маҳсулот афзойиш ва бархеи дигар коҳиш ёфт.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода шуд, дар нимсолаи аввали соли равон 36 намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба 16 давлати хориҷӣ содир карда шудааст, ки ТОП 10 ё даҳгонаи маҳсулоти асосии содиротшуда дар ин давра аз қарори зайл аст:
1.
Пиёз – 5,4 миллион доллар;
2.
Зардолуқоқ – 4,6 миллион доллар;
3.
Меваҳои хушки омехта – 3,3 миллион доллар;
4.
Зардолу – 2,5 миллион доллар;
5.
Ангур – 1,9 миллион доллар;
6.
Шафтолуқоқ – 1,1 миллион доллар;
7.
Мурғи марҷон – 985,5 ҳазор доллар;
8.
Олу – 839 ҳазор доллар;
9.
Олуболу ва гелос – 523,3 ҳазор доллар;
10.
Себқоқ – 338 ҳазор доллар.
Маҳсулоти даҳгона, бино ба ин манбаъ, 90 дарсади кулли содироти маводи кишоварзиро ба маблағи 21,5 миллион долларро ташкил додааст.
Тайи нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 103 ҳазор тон ва ба маблағи 24,1 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 12% коҳиш ба назар мерасад.
Продавец овощей и фруктов на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Нарх ва макони баргузорӣ: Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе
Соли гузашта Тоҷикистон дар ин давра 115 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 27,4 миллион доллар содир карда буд.
Давлатҳои асосие, ки содирот ба онҳо сурат гирифтааст, асосан Қазоқистон ва Русия (95%) боқӣ мондаанд. Дар баробари ин ба Покистон, Туркия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Белорус, Озарбойҷон, Чин, Олмон, Полша, Литва, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ низ маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон содир шудааст.
Ҳамзамон дар қиёс бо соли гузашта содироти бархе маҳсулоти кишоварзӣ афзуда, бархеи дигар кам шудааст.
Ба гунаи мисол, содироти меваҳои хушки омехта дар ҳаҷми 12 ҳазору 212 (2022 – 6 ҳазору 788) тон ба маблағи 3,3 (2022 – 3,0), ангур 8 ҳазору 300 (4000) тон ба маблағи 1,9 (1,4), зардолу дар ҳаҷми 8 ҳазору 871 (3558) тон ба маблағи 2,5 (1), шафтолуқоқ дар ҳаҷми 2 ҳазору 764 (2 ҳазору 193) тон ба маблағи 1,1 (1) доллар, мурғҳои хонагӣ дар ҳаҷми 212,5 (8,9) тон ба маблағи 990 (62,7) ва олуболуву гелос дар ҳаҷми 899,4 (586,5) тон ба маблағи 523 (352) ҳазор доллар афзойиш ёфтааст.
Дар баробари ин, пиёз дар ҳаҷми 52 ҳазору 982 (2022-65 ҳаз 881) тон ба маблағи 5,4 (6,6), зардолуқоқ дар ҳаҷми 6 ҳазору 687 (7792) тон ба маблағи 4,6 (6,7) миллион, чормағзи заминӣ дар ҳаҷми 635 (2740) тон ба маблағи 300 (1,1 миллион), олу дар ҳаҷми 3 ҳазору 268 (4294) тон ба маблағи 839 (872), лимӯ дар ҳаҷми 608 (1000) тон ба маблағи 165 (387), карам дар ҳаҷми 393 (3013) тон ба маблағи 74,1 (283,5), шафтолу дар ҳаҷми 395,7 (645,5) тон ба маблағи 162 (263), хурмо дар ҳаҷми 160 (323) тон ба маблағи 32 (113) ҳазор доллар содирот шуда, тавре дида мешавад, коҳиши назаррасе дар арқом ба миён омадааст.
Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Оғози семоҳаи намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Аз сӯи дигар, бархе маҳсулот, масалан, сабзӣ дар нимсолаи аввал умуман содирот нашудаст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 574 тон ба маблағи 498,8 ҳазор доллар содирот шуда буд.
Агентии содироти Тоҷикистон дар шарҳи сабаби коҳишёбии арқоми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мегӯяд, мақсад таъмини бозори дохилӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ба монанди пиёзу сабзӣ буд, ки содироти маҳсулоти мазкур муваққатан аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон манъ шуда буд.
“Агар ба таносуби нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 назар намоем, маълум мегардад, ки фарқияти коҳишёбӣ 12 ҳазор тон аст. Тибқи таҳлилҳо, коҳишёбии пиёз дар ин давра 10 ҳазор ва сабзӣ 5574 тонро медиҳад, ки дар якҷоягӣ 15 ҳазору 574 тонро ташкил медиҳад”, - мегӯяд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Агентии содироти Тоҷикистон, содироти пиёз бо пешниҳоди таҳлилии ин ниҳод ба роҳ андохта шуд, зеро ҳам истеҳсоли он афзуд ва ҳам хатари талаф ёфтани он ва эҳтимоли расидани зарари зиёд ба кишоварзон ба миён омад.
“Моҳи майи соли ҷорӣ пас аз иҷозати Ҳукумати Тоҷикистон ва бо талошҳои Агентии содирот ҳамагӣ дар ду моҳ қариб 57 ҳазор тон ба Қазоқистон ва Русия пиёз содир шуд”, - гуфт манбаъ.
Фрукты и овощи на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Тоҷикистон ба Русия меваю сабзавот бештар содирот хоҳад кард
Дар ҳамин ҳол, маҳдудияти содироти сабзӣ то ҳол аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бардошта нашудааст, зеро ҳар чӣ истеҳсол мешавад, ба таъмини бозори дохилӣ равона мешавад, аммо нархи он то ҳол барои сокинони кишвар ҳамоно гарон – 5-6 сомонӣ аст.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 дарсад аз ҳаҷми умумии содироти умумии кишварро ташкил мекунад ва маҳсулоти асосии содиротӣ хушкмева, меваҷот ва сабзавот ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0