Нарх ва макони баргузорӣ: Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе

© SputnikПродавец овощей и фруктов на рынке
Продавец овощей и фруктов на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Дар ярмаркаҳо, ки дар навоҳии мухталифи шаҳри Душанбе ташкил карда мешаванд, маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон, дастраси сокинон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар рӯзҳои истироҳати оянда дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд.
Ба гузориши АМИТ “Ховар”, ки ба Вазорати кишоварзӣ, истинод кардааст гуфта мешавад, ки ярмаркаҳо рӯзҳои истироҳат яъне 22 ва 23 июл барои сокинони Душанбе ташкил карда мешавад.
Дар ин ярмаркаҳо фурӯши маҳсулот аз манотиқи мухталифи кишвар дастрас хоҳад шуд.
Ярмаркаҳо дар рӯзи 22 июл:
"Кули ҷавонон" — деҳқонони ноҳияи Ашт махсулоти худро ба фурӯш мебароранд;
"Боғи кӯдакон" — маҳсулоти хоҷагии қишлоқи ноҳияи Нуробод;
дар боғи Абулқосими Фирдавсӣ — аз ноҳияи Қушониён.
Ярмаркаҳо рӯзи 23 июл
дар боғи Садриддин Айнй — маҳсулоти хоҷагии қишлоқи ноҳияи Мастчоҳ;
дар боғи "Хаём" деҳқонони ноҳияи Файзобод махсулоти худро пешкаш мекунанд;
дар "Боғи кӯдакон" метавон маҳсулоти ноҳияи Восеъро харид.
Ҷамъоварии ҳосил, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон
Қобили зикр аст, ки дар ярмаркаҳо тамоми маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи пасттар аз бозор ба фурӯш бароварда мешаванд:
нархи 1 кг картошка аз 4 то 4,50 сомонӣ;
пиёз - аз 1,80 то 2 сомонӣ;
сабзӣ - 3 сомонӣ;
дигар сабзавот - аз 3 то 5 сомонӣ;
гӯшти гов - 55 сомонӣ;
30 дона тухм - 27 сомонӣ;
меваҳо - аз 2 то 5 сомонӣ;
тарбуз барои як дона - 10-12 сомонӣ;
равған (5 литр) - 65 сомонӣ;
орд (50 кг) - 210 сомонӣ.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 июл то 3 сентябр дар боғҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0