Тоҷикистон ба Русия меваю сабзавот бештар содирот хоҳад кард

© Sputnik / Стас ЭтвешФрукты и овощи на рынке
Фрукты и овощи на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки соҳибкорони тоҷик содироти меваю сабзавоти худро ба бозори Русия афзоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта беш аз нисфи меваю сабзавоти Тоҷикистон, ки тақрибан 200 тонна буд, ба бозори Русия фиристода шудааст, иттилоъ додааст "МИР24".
Ба иттилои манбаъ, меваҳои Тоҷикистон миёни харидорони Русия талаботи зиёд дорад.
Табодули коло миёни Тотористон ва Русия соли гузашта 23 дарсад афзуда, бори аввал аз марзи 140 миллиард рубл гузашт. Бахши кишоварзӣ сеяки ин маблағро ташкил медихад.
Маҳсулоти асосие, ки ба бозори Русия содирот мешавад, олу, зардолу, шафтолу, нок, себ, ангур ва анҷир мебошанд.
Грузовые автомобили на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Русия тиҷоратро бо Тоҷикистон соддатар мекунад
"Мо қариб 90%-и содирот аз Русия ба Тоҷикистон ва 10%-и содирот аз Тоҷикистон ба Русия дорем. Вале мо мебинем, ки ин таносуб дар баробари афзоиши умумии савдо чӣ тавр тағйир меёбад. Ин як равзанаи имконот барои ҳамаи соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон аст”, - гуфт Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон.
Дар соли 2023 тахфифи 50 дарсадии ширкати “Роҳи оҳан”-и Русия дар интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ тамдид карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0