https://sputnik.tj/20230809/qurb-rubl-tojikiston-kame-bolo-raft-1058717338.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт
Қурби рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори арзи Тоҷикистон қимати пули Русия, ки тайи ҳафтаҳои ахир ба поинтарин сатҳ дар соли ҷорӣ расид, каме майли гаронӣ дорад
2023-08-09T09:42+0500
2023-08-09T09:42+0500
2023-08-09T09:55+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_0:114:3072:1842_1920x0_80_0_0_03b125d290d11380f84a03557149b327.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 113,8 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 113,5 сомонӣ арзиш дошт.Асъори русӣ тайи ҳафтаҳои ахир ба поинтарин сатҳи нишондодаш дар соли ҷорӣ баробар шуд.Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ рӯ ба гаронӣ дорад. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар доллар 10.9333 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9337 сомонӣ медиҳанд.Асъори аврупоӣ бошад, каме коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.9752 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 12.0070 сомонӣ муқаррар шуда буд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9 то 11сомонӣ, 1 евро аз 11.9752то 12.3500 сомонӣ, 1000 рубли русӣ аз 113,8 то 117 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230713/rais-bmt-rushd-iqtisod-mmd-i-tojikiston-1058240407.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_220afa48a394fdf057af3e7367cccd24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл тоҷикистон боло доллар евро
қурб рубл тоҷикистон боло доллар евро
Қурби рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт
09:42 09.08.2023 (Навсозишуда: 09:55 09.08.2023) Дар бозори арзи Тоҷикистон қимати пули Русия, ки тайи ҳафтаҳои ахир ба поинтарин сатҳ дар соли ҷорӣ расид, каме майли гаронӣ дорад
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 113,8 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 113,5 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори русӣ тайи ҳафтаҳои ахир ба поинтарин сатҳи нишондодаш дар соли ҷорӣ баробар шуд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ рӯ ба гаронӣ дорад. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар доллар 10.9333 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9337 сомонӣ медиҳанд.
Асъори аврупоӣ бошад, каме коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.9752 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 12.0070 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9 то 11сомонӣ, 1 евро аз 11.9752то 12.3500 сомонӣ, 1000 рубли русӣ аз 113,8 то 117 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.