https://sputnik.tj/20230807/nazdiki-doru-tojikiston-rusiya-vorid-1058677396.html
Наздики 25%-и доруворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад
Наздики 25%-и доруворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар давоми моҳҳои январ - июни соли равон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ аз зиёда аз 50 кишвари хориҷи дуру наздик ворид карда шудааст
2023-08-07T09:00+0500
2023-08-07T09:00+0500
2023-08-07T10:39+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ҳиндустон
русия
маводи доруворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103110/44/1031104455_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_602c41bbc1bee45ca0c8651c2d0b6229.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон тайи моҳҳои январ – июни соли 2023 вуруди беш аз 7,7 ҳазор тонна ба маблағи 30 млн долларро сабт кардааст. Ба иттилои мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, воридоти доруворӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор тонна ва ё 35% зиёд мебошад. "Аз ҳаҷми умумии маводи дорувории дар моҳҳои январ – июни соли 2023 воридкардашуда беш аз 5,5 ҳазор тон ба маблағи 20,5 млн доллар аз давлатҳои хориҷи дур ва боқимонда аз кишварҳои хориҷи наздик ворид гардидааст", - омадааст дар иттилоия. Таҳлили маълумоти гумрукӣ нишон медиҳад, ки аз маҷмӯи маводи доруворӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2023 ба Тоҷикистон аз 51 давлатҳои хориҷи дуру наздик воридгардидаанд. Аз ҳама зиёд ҳудуди 38% доруворӣ ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон ворид гардида, ҳиссаи Русия дар ин бахш ба 25% баробар шудааст. Ҳамчунин ҳудуди 7% ба Литва, ҳудуди 5,5% ба ҷумҳурии мардумии Чин, наздики 4% ба Украина, наздики 3% ба ҷумҳурии Олмон, ҳудуди 2,5% ба Ҷумҳурии Туркия, ҳудуди 2%-ӣ ба Покистону Гурҷистон ва наздики 11%-и боқимонда ба 42 давлати дигар рост меояд.
https://sputnik.tj/20230806/tavlidot-ravghan-tojikiston-ziyod-1058676075.html
ҳиндустон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103110/44/1031104455_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3f837aea646c9ffc46f6f16c830f1820.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон, дору, таъминкунанда, тоҷикистон
ҳиндустон, дору, таъминкунанда, тоҷикистон
Наздики 25%-и доруворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад
09:00 07.08.2023 (Навсозишуда: 10:39 07.08.2023) Дар давоми моҳҳои январ - июни соли равон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ аз зиёда аз 50 кишвари хориҷи дуру наздик ворид карда шудааст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон тайи моҳҳои январ – июни соли 2023 вуруди беш аз 7,7 ҳазор тонна ба маблағи 30 млн долларро сабт кардааст.
Ба иттилои мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, воридоти доруворӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор тонна ва ё 35% зиёд мебошад.
"Аз ҳаҷми умумии маводи дорувории дар моҳҳои январ – июни соли 2023 воридкардашуда беш аз 5,5 ҳазор тон ба маблағи 20,5 млн доллар аз давлатҳои хориҷи дур ва боқимонда аз кишварҳои хориҷи наздик ворид гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
Таҳлили маълумоти гумрукӣ нишон медиҳад, ки аз маҷмӯи маводи доруворӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2023 ба Тоҷикистон аз 51 давлатҳои хориҷи дуру наздик воридгардидаанд.
Аз ҳама зиёд ҳудуди 38% доруворӣ ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон ворид гардида, ҳиссаи Русия дар ин бахш ба 25% баробар шудааст.
Ҳамчунин ҳудуди 7% ба Литва, ҳудуди 5,5% ба ҷумҳурии мардумии Чин, наздики 4% ба Украина, наздики 3% ба ҷумҳурии Олмон, ҳудуди 2,5% ба Ҷумҳурии Туркия, ҳудуди 2%-ӣ ба Покистону Гурҷистон ва наздики 11%-и боқимонда ба 42 давлати дигар рост меояд.