https://sputnik.tj/20230808/zanon-mastchoh-kuhi-zamburparvari-daromad-video-1058709342.html
Занони Мастчоҳи Кӯҳӣ аз замбурпарварӣ даромад мегиранд – видео
Занони Мастчоҳи Кӯҳӣ аз замбурпарварӣ даромад мегиранд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Занҳо дар минтақаи мастчоҳи Кӯҳӣ дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ бо маблаггузории ҳукумати Русия занбурпарвариро ба роҳ мондаанд
2023-08-08T17:29+0500
2023-08-08T17:29+0500
2023-08-08T20:27+0500
видео
суғд
мастчоҳ
асал
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/08/1058709167_0:0:1557:876_1920x0_80_0_0_dc90c181195d4682dad37d1d989401e2.jpg
Дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар Точикистон "Бунёди субот ба тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои кишоварзӣ ва оббиёрии деҳоти Тоҷикистон" бо маблағгузории ҳукумати Русия ва яке аз зерлоиҳаҳои он "Рушди занбурпарварӣ дар болооби Зарафшон" дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои занони деҳот амалӣ шуда истодааст. Занон барои дар оянда рушд додани соҳаи занбурпарварӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Дар ҷараёни омузиш иштирокчиён бо нозукиҳои ин соҳа ба таври илмӣ ва амалӣ шинос гардиданд ва акнун метавонанд дар амал аз онҳо истифода намоянд.Президент аз сатҳи занбӯриасалпарварӣ дар Хатлон розӣ нест Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар гуфта буд, ки барои занбӯриасалрпарварӣ дар Тоҷикистон барномаҳои вижа омода ва роҳандозӣ шудааст.Раисиҷумҳур гуфт, дар даври соҳибистиқлолӣ барои рушди ин соҳаи кишоварзӣ корҳои зиёде анҷом шудааст ва дар умум аз буҷети давлат зиёда аз 10 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.Кадомаш ширинтар: Аз асали Хатлон то Ғарм дар намоиши Ховалинг - видеоБа иттилои кишвардор, дар натиҷаи татбиқи барномаҳо соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳои занбӯр 1,8 баробар зиёд гардид.
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/08/1058709167_226:0:1467:931_1920x0_80_0_0_d6af56c4df6f03e355b37ba62056aeb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, видео, замбурпарварӣ, мастчоҳи куҳӣ, смм, русия
суғд, видео, замбурпарварӣ, мастчоҳи куҳӣ, смм, русия
Занони Мастчоҳи Кӯҳӣ аз замбурпарварӣ даромад мегиранд – видео
17:29 08.08.2023 (Навсозишуда: 20:27 08.08.2023) Занҳо дар минтақаи Мастчоҳи Кӯҳӣ дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ бо маблаггузории ҳукумати Русия занбурпарвариро ба роҳ мондаанд
Дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар Точикистон "Бунёди субот ба тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои кишоварзӣ ва оббиёрии деҳоти Тоҷикистон" бо маблағгузории ҳукумати Русия ва яке аз зерлоиҳаҳои он "Рушди занбурпарварӣ дар болооби Зарафшон" дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои занони деҳот амалӣ шуда истодааст.
Занон барои дар оянда рушд додани соҳаи занбурпарварӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар ҷараёни омузиш иштирокчиён бо нозукиҳои ин соҳа ба таври илмӣ ва амалӣ шинос гардиданд ва акнун метавонанд дар амал аз онҳо истифода намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар гуфта буд, ки барои занбӯриасалрпарварӣ дар Тоҷикистон барномаҳои вижа омода ва роҳандозӣ шудааст.
Раисиҷумҳур гуфт, дар даври соҳибистиқлолӣ барои рушди ин соҳаи кишоварзӣ корҳои зиёде анҷом шудааст ва дар умум аз буҷети давлат зиёда аз 10 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Ба иттилои кишвардор, дар натиҷаи татбиқи барномаҳо соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳои занбӯр 1,8 баробар зиёд гардид.