Кадомаш ширинтар: Аз асали Хатлон то Ғарм дар намоиши Ховалинг - видео

Обуна шудан
Дар Ховалинг аз намоиши асал баргузор шуд, ки ба дидано он раисҷумҳури кишвар омада буд. Дар ин намоиши мазкур 28 гӯша таъсис дода шуд буд
Раисҷумҳур и кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин намоишгоҳ дидан намуда, дар семинар - машварати занбӯриасалпарварони кишвар иштирок ва суханронӣ кард
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур дар намоиши мазкур 28 гӯша таъсис дода шуда, занбӯрпарварони ҷумҳурӣ маҳсулоти асалӣ, аз ҷумла муми занбӯри асал, гарди гул, ширеши занбӯр, шири модарзанбӯр ва навъҳои зиёди асалро муаррифӣ намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 70 тонна асал, ки аз ҷониби занбӯрпарварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо шаклу андозаҳои гуногун бастабандӣ гардидааст, пешниҳод карда шуд.
Президент аз сатҳи занбӯриасалпарварӣ дар Хатлон розӣ нест
Тибқи иттилои масъулон ба ҳолати 1 июни соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 263 ҳазору 703 оилаи занбӯри асал, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон 8 ҳазору 392 оила, дар вилояти Суғд 79 ҳазору 828 оила, дар вилояти Хатлон 64 ҳазору 66 оила ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 111 ҳазору 417 оила парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 586 оила зиёд мебошад.
Дар ин давра истеҳсоли асали молӣ 23,5 тоннаро дар бар мегирад, ки ин миқдор асал танҳо дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон истеҳсол шудааст ва акнун, бо фарорасии мавсим дар дигар минтақаҳои мамлакат ҷамъоварии асал шуруъ мегардад.
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштарак бунёд мекунанд
Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор занбӯриасалпарвар фаъолият дошта, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 4,5 ҳазор тонна асал истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулнокӣ аз ҳар оилаи занбӯр то18 килоро дар бар мегирад.
Дар ҷумҳурӣ тӯли чанд соли охир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 5 корхонаи коркард ва банду басти асал таъсис ёфта, фаъолияти назаррас доранд, ки яке аз онҳо дар ноҳияи Ховалинг мебошад.
Лентаи хабарҳо
0