Президент аз сатҳи занбӯриасалпарварӣ дар Хатлон розӣ нест

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, барои занбӯриасалрпарварӣ дар кишвар барномаҳои вижа омода ва роҳандозӣ шудааст, вале нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон аз сатҳи занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон норизо аст.
Кишвардор зимни машварат бо занбӯриасалпарварон гуфт, мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш даст дод, ки оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.
Инчунин, маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.
Раисиҷумҳур гуфт, дар даври соҳибистиқлолӣ барои рушди ин соҳаи кишоварзӣ корҳои зиёде анҷом шудааст ва дар умум аз буҷети давлат зиёда аз 10 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Ба иттилои кишвардор, дар натиҷаи татбиқи барномаҳо соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳо 1,8 баробар зиёд гардид.
"Лекин таъкид менамоям, ки бо дарназардошти шароиту имкониятҳои Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд", - изҳори нигаронӣ кард, раисиҷумҳур.
Дар ин росто, Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои барномаи соҳавии қабулгардида барои солҳои 2023 – 2027-ро таъмин намуда, ӣарои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли асал тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт: Чаро?
Ҳамчунин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ ва ноҳиябандии навъҳои занбӯри асал чораҳои амалӣ андешанд.
Лентаи хабарҳо
0