https://sputnik.tj/20230808/million-nigohdori-milliard-amonatbonk-pasandozi-1058697311.html
Миллионҳо суд аз нигоҳдории миллиардҳо дар "Амонатбонк": пасандози аҳолӣ зиёд шудаст
Миллионҳо суд аз нигоҳдории миллиардҳо дар "Амонатбонк": пасандози аҳолӣ зиёд шудаст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми пасандозе, ки шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон дар "Амонатбонк" нигоҳ медоранд, дар муқоиса бо соли қаблӣ 34% зиёд шудааст
2023-08-08T10:18+0500
2023-08-08T10:18+0500
2023-08-08T10:18+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сохтмон
амонатбонк
молия
фоиз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257089_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_8726631533adf6bccbc360691b8b4fbf.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар "Амонатбонк" ба 4,9 млрд сомонӣ баробар шудаст, ки сеяк баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора раёсати "Амонатбонк" зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла, пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% афзоиш ёфтааст.Таъкид шудааст, ки аҳолӣ бо нигоҳдории миллиардҳо дар бонки мазкур ба андозаи миллионҳо сомонӣ суд мегиранд. "Фоизҳои ба аҳолӣ пардохтнамудаи Бонк дар давраи ҳисоботӣ 39,5 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат намуда истодааст", - таъкид намуд роҳбарияти "Амонатбонк".Дар баробари ин бонк дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба қариби 27 ҳазор муштарӣ ба андозаи беш аз 993 млн сомонӣ қарз додаст. Ҳаҷми қарзҳои додаи "Амонатбонк" дар нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 12% зиёдтар мебошад. Тавзеҳ дода шуд, ки бештари қарзҳои бонк барои соҳаҳои саноат - наздики 29%, кишоварзӣ - 28%, истеъмолӣ - 20%, сохтмон - 15%, тиҷорат - 8 % пешниҳод гардидаанд. Фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 10 то 24 ва бо асъори хориҷӣ аз 4,5 то 10%-и солона ҳисоб карда шудаст.
https://sputnik.tj/20230808/tojikiston-davlat-savdo-tavozun-manfist-1058696889.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257089_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_b663ad0e57937e0d7e52a2f2cc54a0de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, пасандоз, аҳолӣ, амонатбонк, фоиз
афзоиш, пасандоз, аҳолӣ, амонатбонк, фоиз
Миллионҳо суд аз нигоҳдории миллиардҳо дар "Амонатбонк": пасандози аҳолӣ зиёд шудаст
Ҳаҷми пасандозе, ки шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон дар "Амонатбонк" нигоҳ медоранд, дар муқоиса бо соли қаблӣ 34% зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар "Амонатбонк" ба 4,9 млрд сомонӣ баробар шудаст, ки сеяк баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Дар ин бора раёсати "Амонатбонк" зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла, пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки аҳолӣ бо нигоҳдории миллиардҳо дар бонки мазкур ба андозаи миллионҳо сомонӣ суд мегиранд.
"Фоизҳои ба аҳолӣ пардохтнамудаи Бонк дар давраи ҳисоботӣ 39,5 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат намуда истодааст", - таъкид намуд роҳбарияти "Амонатбонк".
Дар баробари ин бонк дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба қариби 27 ҳазор муштарӣ ба андозаи беш аз 993 млн сомонӣ қарз додаст.
Ҳаҷми қарзҳои додаи "Амонатбонк" дар нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 12% зиёдтар мебошад.
Тавзеҳ дода шуд, ки бештари қарзҳои бонк барои соҳаҳои саноат - наздики 29%, кишоварзӣ - 28%, истеъмолӣ - 20%, сохтмон - 15%, тиҷорат - 8 % пешниҳод гардидаанд.
Фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 10 то 24 ва бо асъори хориҷӣ аз 4,5 то 10%-и солона ҳисоб карда шудаст.