https://sputnik.tj/20230808/tojikiston-davlat-savdo-tavozun-manfist-1058696889.html
Тоҷикистон бо 102 давлат савдо доштаст: Тавозун ҳамоно манфист
Тоҷикистон бо 102 давлат савдо доштаст: Тавозун ҳамоно манфист
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо 102 мамлакати ҷаҳон савдои хориҷӣ доштааст, аммо аз бисёри онҳо танҳо мол ворид кардааст
2023-08-08T09:39+0500
2023-08-08T09:39+0500
2023-08-08T09:42+0500
савдо
дар тоҷикистон
иқтисод
содирот
воридот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056661604_0:192:3297:2047_1920x0_80_0_0_8a8baa8e241a3694bea917eece638eda.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳаҷми содироти мол дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳаҷми воридот дар нимсолаи аввали соли равон қариби 4 баробар камтар мебошад. Ба иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, дар маҷмуъ савдои хориҷии кишвар дар давоми 6 моҳи аввали соли равон ба 3,4 млрд доллар баробар гардидаст.Ҳаҷми умумии содирот дар 6 моҳи аввали соли равон қариби 679 млн доллар ҳисоб карда шудааст. Ба иттилои Агентӣ, аз нишондоди умумии содирот, ба содироти маҳсулоти саноатӣ ва нерӯи барқ 655 млн доллари амрикоӣ рост меояд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 103 ҳазор тон ба маблағи беш аз 24 млн долларро ташкил додаст. Дар таркиби содироти Тоҷикистон маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи колоҳои асосӣ арзёбӣ мешаванд. Дар маҷмуъ кишвар дар нимсолаи аввали соли равон бо 102 мамлакати ҷаҳон савдои хориҷӣ доштааст, аммо аз бисёри онҳо танҳо мол ворид кардааст. Колои Тоҷикистон танҳо ба 47 давлат содир гардидаст, иттилоъ дод раёсати Агентиии содирот зимни нишасти матбуотӣ. Тавозуни савдо ҳамоно манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми содирот аз воридот ба маротиб кам мебошад.
https://sputnik.tj/20230807/tojikiston-istehsol-ord-1058681502.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056661604_293:0:3022:2047_1920x0_80_0_0_cc38da7fb50c53cc415fe120d16ebe5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавозун, савдо, хориҷӣ, манфӣ
тавозун, савдо, хориҷӣ, манфӣ
Тоҷикистон бо 102 давлат савдо доштаст: Тавозун ҳамоно манфист
09:39 08.08.2023 (Навсозишуда: 09:42 08.08.2023) Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо 102 мамлакати ҷаҳон савдои хориҷӣ доштааст, аммо аз бисёри онҳо танҳо мол ворид кардааст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳаҷми содироти мол дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳаҷми воридот дар нимсолаи аввали соли равон қариби 4 баробар камтар мебошад.
Ба иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, дар маҷмуъ савдои хориҷии кишвар дар давоми 6 моҳи аввали соли равон ба 3,4 млрд доллар баробар гардидаст.
Ҳаҷми умумии содирот дар 6 моҳи аввали соли равон қариби 679 млн доллар ҳисоб карда шудааст.
Ба иттилои Агентӣ, аз нишондоди умумии содирот, ба содироти маҳсулоти саноатӣ ва нерӯи барқ 655 млн доллари амрикоӣ рост меояд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 103 ҳазор тон ба маблағи беш аз 24 млн долларро ташкил додаст.
Дар таркиби содироти Тоҷикистон маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи колоҳои асосӣ арзёбӣ мешаванд.
Дар маҷмуъ кишвар дар нимсолаи аввали соли равон бо 102 мамлакати ҷаҳон савдои хориҷӣ доштааст, аммо аз бисёри онҳо танҳо мол ворид кардааст.
Колои Тоҷикистон танҳо ба 47 давлат содир гардидаст, иттилоъ дод раёсати Агентиии содирот зимни нишасти матбуотӣ.
Тавозуни савдо ҳамоно манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми содирот аз воридот ба маротиб кам мебошад.