https://sputnik.tj/20230808/afzoish-doroi-foida-sof-amonatbonk-1058706625.html
Афзоиши дороӣ ва фоидаи софи "Амонатбонк"
Афзоиши дороӣ ва фоидаи софи "Амонатбонк"
Sputnik Тоҷикистон
Дороиҳои калонтарин бонки низомсози Тоҷикистон - "Амонатбонк" дар нимсолаи аввали соли равон афзоиш ёфта, 6,6 млрд сомонӣ баробар шудааст 08.08.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-08-08T16:28+0500
2023-08-08T16:28+0500
2023-08-08T19:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
амонатбонк
дороӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048048288_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_e280b4b5b03b0749ec50609831974892.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ҳаҷми дороиҳо ва уҳдадориҳои "Амонатбонк" дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 31% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора раёсати "Амонатбонк" зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки ҳаҷми дороиҳо ба 6,6 млрд сомонӣ ва андозаи ӯҳдадориҳо ба 5,8 млрд сомонӣ баробар гардидаст. Фоидаи софи бонк наздики 58 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5% зиёд мебошад, афзуд раёсат. Калонтарин бонки низомсози Тоҷикистон ҳамчунин пардохтҳои ҳатмиро ба буҷаи давлат қариб 47% зиёд кардааст. Раёсати "Амонатбонк" ҳаҷми пулҳои пардохтшуда ба буҷаи давлатро наздики 42 млн сомонӣ ҳисоб кардаст. Таъкид гардидаст, ки бонки мазкур дар нимсолаи аввали соли 2023 ба зиёда аз 13 ҳазор корхонаю ташкилотҳо хизмат расондаст. Ҳамчунин, зиёда аз 789 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз хадамоти бонк истифода намудаанд. Теъдоди амонатгузорон дар бонк зиёда аз 1,9 млн нафар ҳисоб шуда, шумораи кормандонаш наздики 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20230808/million-nigohdori-milliard-amonatbonk-pasandozi-1058697311.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1c/1048048288_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_baded522303b1ef5a7b27924513a5092.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, бонк, амонатбонк, дороӣ
дар тоҷикистон, иқтисод, бонк, амонатбонк, дороӣ
Афзоиши дороӣ ва фоидаи софи "Амонатбонк"
16:28 08.08.2023 (Навсозишуда: 19:20 08.08.2023) Дороиҳои калонтарин бонки низомсози Тоҷикистон - "Амонатбонк" дар нимсолаи аввали соли равон афзоиш ёфта, 6,6 млрд сомонӣ баробар шудааст
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ҳаҷми дороиҳо ва уҳдадориҳои "Амонатбонк" дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 31% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора раёсати "Амонатбонк" зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки ҳаҷми дороиҳо ба 6,6 млрд сомонӣ ва андозаи ӯҳдадориҳо ба 5,8 млрд сомонӣ баробар гардидаст.
Фоидаи софи бонк наздики 58 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5% зиёд мебошад, афзуд раёсат.
Калонтарин бонки низомсози Тоҷикистон ҳамчунин пардохтҳои ҳатмиро ба буҷаи давлат қариб 47% зиёд кардааст. Раёсати "Амонатбонк" ҳаҷми пулҳои пардохтшуда ба буҷаи давлатро наздики 42 млн сомонӣ ҳисоб кардаст.
Таъкид гардидаст, ки бонки мазкур дар нимсолаи аввали соли 2023 ба зиёда аз 13 ҳазор корхонаю ташкилотҳо хизмат расондаст.
Ҳамчунин, зиёда аз 789 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз хадамоти бонк истифода намудаанд.
Теъдоди амонатгузорон дар бонк зиёда аз 1,9 млн нафар ҳисоб шуда, шумораи кормандонаш наздики 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.