Тавоноии ҷангандаи навсозишудаи МиГ-31

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкВоенный парад, посвящённый 73-й годовщине Победы в ВОВ
Военный парад, посвящённый 73-й годовщине Победы в ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Ҳавогарди роҳгири МиГ-31 сохти Русия ҳатто пас аз ба майдон омадани сохти ҷангандаи зарбазани насли панҷум пурқудраттарин ҳавопаймои ҷангӣ дар ҷаҳон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Навсозии силоҳ ва таҷҳизоти радиоэлектронии бортӣ имкон дод, ки самаранокии тайёраи ҷангии навъи МиГ-31БМ қариб ба се маротиба афзоиш ёбад.
31 июл қувваҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия як силсила ҳавопаймоҳои муосири МиГ-31 гирифтанд, ки бо таҷҳизотҳои муосири рақамӣ барои ошкор кардани ҳадафҳо дар масофаи то 320 км ва идоракунии намудҳои нави мушакҳои "ҳаво ба ҳаво"муҷаҳҳаз гардонида шудаанд,
Теъдоди онҳо ошкор карда намешавад, аммо аён аст, ки то соли 1994 ҳамагӣ зиёда аз 500 ҳавопаймоҳои ҷангии МиГ-31 истеҳсол карда шудаанд, ки тақрибан 350 адади онҳо дар ихтиёри қувваҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия қарор доранд.
Зиеда аз 100 адад чунин тайёраҳои то тарҳи нави МиГ-31БМ/БДСМ (бо радари Заслон-М) навсозӣ карда шудаанд. То соли 2024 навсозии 114 ҳавопаймои ҷангии МиГ-31 ба нақша гирифта шудааст, сипас – боқимонда ин мошинҳои ҷангӣ низ навсозӣ хоҳанд шуд.
Осмотр летчиком боевого истребителя Миг-29СМТ на репетиции пилотажных групп военного парада, посвященного 65-й годовщине Великой Победы, которая состоялась в аэропорту Чкаловский. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Шабаҳи Киев" дар ИМА ба истифодаи мушаки AIM-120 бо ҷангандаҳои МиГ-29 омодагӣ мегирад
Вазорати мудофиаи Русия ва ширкати русиягии тавлиди мошинҳои ҳавоии (РСК) МиГ тобистони соли 2021 ду шартномаи давлатиро барои навсозии ҳавопаймоҳои қиркунандаи сафии то сатҳи МиГ – 31БМ ва интиқолдиҳандагони мушакҳои фаросавтии “Кинжал” МиГ-31К-ро ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавам, ки "сию якум" ҳашт тағирот ва навсозиро аз сар гузаронидааст ва имрӯз низ такмилёбиро идома медиҳад.
Дар намудҳои пештараи МиГ-31 қумондон ва сарнишин (штурман) танҳо тавассути дастгоҳи овозии алоқа бо ҳам муошират доштанд, имрӯз бошад дар кабинаҳо экранҳои баландсифати дорои маълумоти тактикӣ, навигатсионӣ, радиолокатсионӣ ва ғайраҳо мавҷуданд.
Силоҳ ва таҷҳизоти нав имкониятҳои боздоштгарии махсусгардонидашударо фарох мегардонад ва МиГ-31БМ – ро ба платформаи бисёрфунксионалии ҷангӣ табдил медиҳад - ба нуқтаи фармондеҳии ҳавоӣ, маркази ҳамкорӣ бо маҷмӯаҳои заминӣ ва бо дигар қиркунандаҳо (истифодаи радари пурқуввати "Заслон-М" дар борти қиркунанда барои роҳнамоии мушакҳои аз дигар қиркунандаҳо партоб шуда дар ҳангоми реҷаи хомӯшӣ).
Авиатсияи баҳрии нерӯҳои ҳарбӣ ҳавоӣ,кадоме хусусиятҳои худро дорад, фаъолона МиГ-31БМ-ро азхудкунӣ дорад.
Қиркунандаи гаронвазни МиГ-31БМ дар баландии то 21 км метавонад суръати парвозро то 3000 км/соат зиёд намояд. Қодир аст дар масофаи то 320 км ҳадафҳои ҳавоиро дар зовияи сатҳи замин дар доираи баландии аз 100 метр то 30 километр дар масофаи то 280 км ошкор ва нобуд созад (метавонад ба якборагӣ то 10 ҳадафро пайригӣ кунад ва дар як вақт шаш ҳадафро нобуд созад).
Кадры перехвата истребителем МиГ-31 самолета-разведчика США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Миг-31-и Русия ҳавопаймои низомии амрикоиро аз назди марз дур кард
Чор зарбазани МиГ-31БМ қодиранд, ки хати ҷабҳаро дар масофаи то 900 км боэътимод пӯшонанд. Хусусиятҳои аҷиби парвозӣ-тактикиро ба "сиву якум" доиман мукаммал намудани имкониятҳои ҷангиашон медиҳанд.
Сарбории фоиданоки то панҷ тонна ва вазни ниҳоии парвози зудтарин ҳавопаймои ҷангӣ дар ҷаҳон - зиёда аз 46 тонна - имкон медиҳад, ки МиГ – 31 дар гурӯҳи киштиҳои ҳавоии дар сатҳи тайёраҳои шаҳрвандии Ту – 134 бошад.
Нишондиҳандаҳои ҳамсони ҷангандаҳои вазнинтарини амрикоии F-15ЕХ Eagle II ва F – 22a Raptor, мутаносибан, вазни 37 ва 38 тоннаро доранд. "Амрикоиҳо" аз ҷиҳати суръат ва дигар нишондиҳандаҳо хеле қафо мондаанд.

Истифодаи ҷангӣ

Таъиноти асосии "сиву якум" боздошт ва нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоӣ мебошад, ки дар ин ҷода дигар тайёраҳои қиркунандаву зарбазан бо онҳо сарбасар шуда наметавонанд. МиГ-31 ягона ҳавопаймои ҷангии силсилавӣ дар ҷаҳон ҳисобида мешавад, ки қодир аст мушакҳои болдорро бо самаранокии беш аз 90 фоиз боздорад ва нобуд кунад.
Маҷаллаи амрикоии Military Watch 30 июл хабар дод, ки МиГ-31-и азим метавонад шаш мушаки "ҳаво ба ҳаво"-и дурпарвоз (Р-37М) ва боз шаш мушаки маъмулӣ (Р-33С) - ро ба бор гирад, ва аз ҳамин сабаб "ба лигаи алоҳида, ки аз рӯи қудрати оташандозӣ рақиб надорад, ворид мешавад".
Мушакҳои Р-37М –и "масофаи истисноии зарбазаниашон то 400 км" бо суръати фаросавтии 6 Мах парвоз мекунанд. Military Watch Magazine мушакҳои Х-47 М2 (суръати парвозашон - зиёда аз 10 Мах)-ро, ки МиГ-31 К дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ барои безарар гардонидани маҷмааҳои мудофиаи ҳавоии амрикоии Patriot дар пойтахти Украина истифода кардааст, боз ҳам самараноктар меноманд.
Самолет МиГ-29 ВВС Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2023
МиГ-29-и лаҳистонӣ ва Су-25-и мақдунӣ кумакрасони Украина буда наметавонанд
Русия бори аввал "Кинжал" - ро дар шароити ҷангӣ моҳи марти соли 2022 истифода бурд ва бо як зарба захираи зеризаминии стратегии яроқу аслиҳаи артиши Украинаро дар ғарби ин кишвар нобуд кард.
Пеш аз "пӯшонидани" батареяи пурсарусадои маҷмааи зенитиву мушакии Patriot дар Киев, мушакҳои Х-47 М2 боз ба ду ҳадафи дигари "махсусан муҳим" дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ бомуваффақият зарба заданд. Навъи ҷангии ҳавопаймои МиГ-31К барои зарбаҳои дақиқ ба ҳадафҳои заминӣ (ва болоиобӣ) дар масофаи зиёда аз 2000 км аз нуқтаи партоб пешбинӣ шудааст.
"Кинжал" - и фаросавтӣ дар Ғарб "бузургтарин мушаки тактикии ҷаҳон" ҳисобида мешавад, ки қодир аст "қоидаҳои бозиро дигар кунад".
Амрикоиҳо бовар доранд, ки "сиву якум" қодир аст “киштиҳои кайҳонӣ партоб намояд" ва "ҷанги кайҳонӣ" барад.
Таҷовузкорони эҳтимолиро қиркунандаи МиГ-31 ва (Д) - "сайёди ҳамроҳҳои сунъӣ дар мадори пасти наздизаминӣ" – дар ташвиш гузоштааст. Хусусиятҳои мушаки зиддимоҳворавии русиягӣ ошкор карда намешаванд, аммо он, шояд, аз мушакҳои Р-37М-и атмосферӣ дуртар ва тезтар парвоз кунад.
Қиркунандаи навсозишудаи МиГ-31БМ ва силоҳҳои он барои кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон қуллаи дастнораси технологӣ боқӣ мемонад.
Сопровождение американского самолета разведчика над тихим океаном - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Чӣ гуна МиГ-31 ҳавопаймои иктишофии Амрикоро "гусел" кард: видео
Афзалияти бузурги тактикӣ - "пӯшида" будани иқтидори ҷангии МиГ-31 аз мутахассисони Пентагон ва НАТО ҳисобида мешавад. Ин қиркунандаҳо ҳеҷ гоҳ содирот нашудаанд, ба кишварҳои Шартномаи Варшава дода нашудаанд.
Бинобар ин, дар Ғарб муддатҳои тӯлонӣ ба мавҷудияти тӯпҳои шашмилаи 23-мм ГШ-6-23 дар борти МиГ-31 (суръати партоби мушак - 10 ҳазор мушак дар як дақиқа) шубҳа дошт, ин “дарранда”аз тайёраи бомбаандози амрикоии Вулкан даҳшатноктар аст.
Имрӯз берун аз қаламрави Русия танҳо нерӯҳои ҳавоии Қазоқистон 32 ҳавопаймои қиркунандаи вазнини ҷангӣ дорад – аз мероси замони Шӯравӣ.
Дар ояндаи наздик, МиГ-31 маҷмӯи авиатсионии дурпарвози миг-41-ро иваз мекунад, ки қодир аст вазифаҳоро дар фазои наздики кайҳон ба иҷро расонад.
Лентаи хабарҳо
0