Миг-31-и Русия ҳавопаймои низомии амрикоиро аз назди марз дур кард

Обуна шудан
Як ҳавопаймои иктишофии Амрико ба сӯи марзи Русия дилпурона парвоз мекард, аммо халабонҳои рус онро ошкор карданд
Вазорати дифои Русия навори беназири боздошти ҳавопаймои иктишофии амрикоӣ RC-135 аз тарафи ҳавопаймои ҷангии МиГ-31-и Русияро нашр кард.
Радарҳо ҳадафи ҳавоии номаълумро дар болои Уқёнуси Ором сабт карданд. Қайд карда мешавад, ки ҳавопаймо босуръат ба марзи Русия наздик мешуд.
Барои ошкор намудани ин ҳавопаймо фавран як ҳавопаймои ҷангии МиГ-31 аз фурудгоҳи минтақаи Камчатка парвоз кард. Вай дар муддати кӯтоҳтарин ба ҳадафи худ расид ва онро маълум кард: ин ҳавопаймои иктишофии RC-135-и нерӯҳои ҳавоии ИМА будааст.
 Государственный департамент США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Амрико таҳримҳои ҷавобии Русияро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид
Ҳавопаймоҳои амрикоӣ ҳамон лаҳзае, ки ҳавопаймои ҷангии Русияро дид аз ҷои ҳодиса ба самти муқобил парвозашро идома дод.
"Пас аз он ки ҳавопаймоҳои низомии хориҷӣ аз сарҳади давлатии Русия дур шуд, ҳавопаймои ҷангии Русия ба фурудгоҳ баргашт", - қайд кард Вазорати дифои Русия.
Низомиёни рус илова карданд, ки халабонҳои рус тавонистанд аз вайрон кардани марзҳои давлатӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Вақтҳои охир ҳодисаҳои ба Русия наздик шудани ҳавопаймоҳои амрикоӣ зиёдтар шудааст. Танҳо дар соли 2020 беш аз ду миллион чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0