https://sputnik.tj/20230807/dodsiton-juziyot-nav-rabudan-kushtor-oriyonbonk-1058691204.html
Додситонӣ ҷузъиёти нави рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро гуфт
Додситонӣ ҷузъиёти нави рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон дар рабудан ва куштори муовини аввали раиси "Ориёнбонк" созмони ҷиноии иборат аз 16 нафарро муттаҳам мекунад
2023-08-07T17:58+0500
2023-08-07T17:58+0500
2023-08-07T20:38+0500
дар тоҷикистон
парванда
бонк
муовин
раис
ҷустуҷӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031569220_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_bdc65fd61b32313d87d075bea4ee8b3e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Яке аз дастандаркорони рабудан ва куштори ноиби раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, аз боздоштшуда ҷавони 28-сола ном бурдаст, ки қаблан низ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир маҳкум гардида будаст. . Ба иттилои додситонӣ, номбурда як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят - 24 июни соли 2023 - тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор кардаст. Мақомоти додситонӣ таъкид намудаанд, ки амалиётщои фаврӣ-тафтишотӣ барои пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашидани аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ идома доранд. Додситонӣ эълон карда буд, ки гурӯҳи ҷиноӣ таҳти роҳбарии Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ" фаъолият дошт. Яке аз аъзои ин гуруҳ Рустам Ашӯров баъди тирандозӣ дар фурудгоҳи Молдова зимни амалиёти ҷавобӣ маҷрӯҳ ва дар беморхона ба ҳалокат расид. ВКД қаблан гуфт, ки ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро шоми 23 июни соли 2023, дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд. Сипас дар пайи шиканҷа Исматуллоев ба ҳалокат расонида, ҷасадашро ба дарё партофтаанд. Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон эълон кард, ки то пайдо намудани ҷасади марҳум ҷустуҷӯро идома хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20230804/nazarzoda-justujui-muovini-raisi-oriyonbonk-1058643709.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031569220_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_b5922e8f21fb51746c1e24fbb7c18de6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, муттаҳам, ноиб, раис, ориёнбонк
боздошт, муттаҳам, ноиб, раис, ориёнбонк
Додситонӣ ҷузъиёти нави рабудану куштори ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро гуфт
17:58 07.08.2023 (Навсозишуда: 20:38 07.08.2023) Додситонии кулли Тоҷикистон дар рабудан ва куштори муовини аввали раиси "Ориёнбонк" созмони ҷиноии иборат аз 16 нафарро муттаҳам мекунад
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Яке аз дастандаркорони рабудан ва куштори ноиби раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, аз боздоштшуда ҷавони 28-сола ном бурдаст, ки қаблан низ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир маҳкум гардида будаст. .
Ба иттилои додситонӣ, номбурда як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят - 24 июни соли 2023 - тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор кардаст.
"Айни ҳол, дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ шахсияти роҳбар ва 15 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муайян ва 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти додситонӣ таъкид намудаанд, ки амалиётщои фаврӣ-тафтишотӣ барои пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашидани аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ идома доранд.
Додситонӣ эълон карда буд, ки гурӯҳи ҷиноӣ таҳти роҳбарии Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ" фаъолият дошт. Яке аз аъзои ин гуруҳ Рустам Ашӯров баъди тирандозӣ дар фурудгоҳи Молдова зимни амалиёти ҷавобӣ маҷрӯҳ ва дар беморхона ба ҳалокат расид.
ВКД қаблан гуфт, ки ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро шоми 23 июни соли 2023, дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд. Сипас дар пайи шиканҷа Исматуллоев ба ҳалокат расонида, ҷасадашро ба дарё партофтаанд.
Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон эълон кард, ки то пайдо намудани ҷасади марҳум ҷустуҷӯро идома хоҳанд дод.