https://sputnik.tj/20230804/nazarzoda-justujui-muovini-raisi-oriyonbonk-1058643709.html
То наёбем, мекобем: Назарзода дар бораи ҷустуҷӯи муовини раиси "Ориёнбонк" гуфт
То наёбем, мекобем: Назарзода дар бораи ҷустуҷӯи муовини раиси "Ориёнбонк" гуфт
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ ҷустуҷӯи муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов идома медиҳад
2023-08-04T16:56+0500
2023-08-04T16:56+0500
2023-08-04T16:56+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рустам назарзода
ҷустуҷӯ
наҷотдиҳандагон
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101411/80/1014118002_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_6c98e782e3bb7985321a6821e7032491.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҷустуҷӯи муовини раиси “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов идома дорад.Вай гуфт, ки ҷустуҷӯи бедаракшудагон то пайдо шудани онҳо идома хоҳад ёфт.Раҳбари КҲФ қайд кард, ки ҷустуҷӯ метавонад чанд моҳ тӯл кашад, ба хусус агар дарёҳое, ки дар он корҳои ҷустуҷӯи анҷом дода мешавад, сатҳи об баланду лойолуд аст, ки кори наҷотдиҳандагонро метавонад мушкил созад.Оқои Назарзода ҳамчунин гуфт, дар манотиқи мухталиф, аз ҷумла дар ноҳияи Варзоб ва минтақаи аз Айнӣ то марзи Ӯзбекистон ҷустуҷӯ идома дорад.“Наҷотдиҳандагон бо истифода аз таҷҳизоти махсус, аз ҷумла бо кранҳои махсус обро аз боло ҷустуҷӯ мекунанд ва одамон ё мошинҳои гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд”, - қайд кард Рустам Назарзода.Ёдовар мешавем, ки ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоранд, ки ҷасади марҳум ба дарё андохта шудааст. Бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои ҳамарӯза ҳанӯз ҷасад пайдо нашудааст.
https://sputnik.tj/20230725/idomai-justujui-jasadi-noibi-raisi-oriyonbonk-1058438633.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101411/80/1014118002_392:0:1593:901_1920x0_80_0_0_af2e43900c10bc983f42dcee939c0352.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷустуҷӯ, ориёнбонк, кҳф, уовини раиси "ориёнбонк", шӯҳрат исматуллоев, рустам назарзода
тоҷикистон, ҷустуҷӯ, ориёнбонк, кҳф, уовини раиси "ориёнбонк", шӯҳрат исматуллоев, рустам назарзода
То наёбем, мекобем: Назарзода дар бораи ҷустуҷӯи муовини раиси "Ориёнбонк" гуфт
КҲФ ҷустуҷӯи муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҷустуҷӯи муовини раиси “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов идома дорад.
Вай гуфт, ки ҷустуҷӯи бедаракшудагон то пайдо шудани онҳо идома хоҳад ёфт.
“Наҷотдиҳандагон корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд", - таъкид кард Назарзода.
Раҳбари КҲФ қайд кард, ки ҷустуҷӯ метавонад чанд моҳ тӯл кашад, ба хусус агар дарёҳое, ки дар он корҳои ҷустуҷӯи анҷом дода мешавад, сатҳи об баланду лойолуд аст, ки кори наҷотдиҳандагонро метавонад мушкил созад.
Оқои Назарзода ҳамчунин гуфт, дар манотиқи мухталиф, аз ҷумла дар ноҳияи Варзоб ва минтақаи аз Айнӣ то марзи Ӯзбекистон ҷустуҷӯ идома дорад.
“Наҷотдиҳандагон бо истифода аз таҷҳизоти махсус, аз ҷумла бо кранҳои махсус обро аз боло ҷустуҷӯ мекунанд ва одамон ё мошинҳои гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд”, - қайд кард Рустам Назарзода.
Ёдовар мешавем, ки ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.
Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.
Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоранд, ки ҷасади марҳум ба дарё андохта шудааст. Бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои ҳамарӯза ҳанӯз ҷасад пайдо нашудааст.