Афзоиши ҳаҷм ва фоизи қарздиҳӣ дар Суғд

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Обуна шудан
Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ бонкҳои вилояти Суғд қарздиҳиро ба андозаи чоряк зиёд кардаанд, ки бештарашонро қарзҳои истеъмолӣ ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Ташкилотҳои қарзии вилояти Суғд дар давоми 6 моҳи аввали соли равон дар ҳаҷми қариб 2,7 млрд сомонӣ қарз додаанд.
Дар ин бора муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, Зебо Сираева зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта ба андозаи беш аз 26 % зиёд мебошад.
Вай ҳамчунин қарзҳои додашударо аз рӯи бахшҳо тасниф кард, ки бештарашон истеъмолӣ будаанд.
"Ба бахши истеъмолот – 39 %, кишоварзӣ – 24%, саноат – 12, 5%, савдои хориҷӣ – 11%, хизматрасонӣ – 7%, ва дигар соҳаҳо – наздики 6% рост меояд" - қайд намуд Сираева.
Бино ба гуфти ӯ, аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда қариби 85% бо пули миллӣ пешниҳод гардида, зиёда аз 52%-ро қарзҳое ташкил медиҳанд, ки ба муҳлати зиёда аз 1 сол дода шудаанд.
Муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд дар посух ба суоли рӯзноманигорон фоизи қарзҳои додашударо шарҳ дод.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Бонкҳои Тоҷикистон дар шаш моҳ беш аз 9 миллиард сомонӣ қарз додаанд
Сираева иттилоъ дод, ки фоизи миёнавазни қарзҳои додашуда бо пули миллӣ дар сатҳи 27, 5% ва бо асъори хориҷӣ дар сатҳи 12, 5 % муайян шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта бо пули миллӣ 1, 38 банди фоизӣ баланд гардидааст. Бо асъори хориҷӣ 0, 54% коҳиш ёфтааст.
Дар вилояти Суғд феълан 12 адад ташкилоти қарзӣ фаъолият мекунад, ки бақияи сандуқи қарзии онҳо ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ наздики 3,8 млрд сомониро ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 28% зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0