https://sputnik.tj/20230725/idomai-justujui-jasadi-noibi-raisi-oriyonbonk-1058438633.html
Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади ноиби раиси "Ориёнбонк"
Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади ноиби раиси "Ориёнбонк"
Sputnik Тоҷикистон
Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамарӯза аз минтақаи Варзоб ва Зарафшон корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд
2023-07-25T17:39+0500
2023-07-25T17:39+0500
2023-07-25T18:45+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
бонк
раис
ҷустуҷӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/19/1058438823_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_a19cc8f42dcac0f4cecdfa60e3b5f050.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҷустуҷӯи ҷасади муовини роҳбари "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев дар дарё идома дорад, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, корҳои ҷустуҷӯӣ як моҳ боз идома дорад. "Ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ то 19:00-и бегоҳ наҷотдиҳандагон ба корҳои ҷустуҷӯӣ машғул мешаванд", - гуфт мусоҳиб аз Кумита. Манбаъ афзуд, ки кормандони хадамоти марказии наҷот дар минтақаи Варзоб ва наҷотдиҳандагон дар минтақаи Зарафшон, аз ноҳияи Айнӣ то марзи Ӯзбекистон ҷустуҷӯро идома диҳанд. Ба иттилои КҲФ, дар корҳои ҷустуҷӯӣ аз техникаи махсус истифода мешавад. ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд. Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст. Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоранд, ки ҷасади марҳум ба дарё андохта шудааст. Бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои ҳамарӯза ҳанӯз ҷасад пайдо нашудааст.
https://sputnik.tj/20230712/istifoda-raqam-qalbaki-tojikiston-ozodi-1058217776.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/19/1058438823_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_02b0eb725bfcfb5b492f753b16434aa0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷасад, шӯҳрат, исматуллоев, ноиб, раис, ориёнбонк
ҷасад, шӯҳрат, исматуллоев, ноиб, раис, ориёнбонк
Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади ноиби раиси "Ориёнбонк"
17:39 25.07.2023 (Навсозишуда: 18:45 25.07.2023) Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамарӯза аз минтақаи Варзоб ва Зарафшон корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҷустуҷӯи ҷасади муовини роҳбари "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев дар дарё идома дорад, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, корҳои ҷустуҷӯӣ як моҳ боз идома дорад.
"Ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ то 19:00-и бегоҳ наҷотдиҳандагон ба корҳои ҷустуҷӯӣ машғул мешаванд", - гуфт мусоҳиб аз Кумита.
Манбаъ афзуд, ки кормандони хадамоти марказии наҷот дар минтақаи Варзоб ва наҷотдиҳандагон дар минтақаи Зарафшон, аз ноҳияи Айнӣ то марзи Ӯзбекистон ҷустуҷӯро идома диҳанд. Ба иттилои КҲФ, дар корҳои ҷустуҷӯӣ аз техникаи махсус истифода мешавад.
ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.
Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.
Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоранд, ки ҷасади марҳум ба дарё андохта шудааст. Бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои ҳамарӯза ҳанӯз ҷасад пайдо нашудааст.