Дунёи харобшудаи кинотеатрҳои Тоҷикистон: чӣ гуна метавон таҷдид кард?

© SputnikВ центре Душанбе сносят кинотеатр "Джами"
В центре Душанбе сносят кинотеатр Джами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” як барномаи бузургеро барои таҷдиди кинотеатрҳо дар қаламрави Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ин ниҳод мехоҳад ҳам барои рушди синамо маблағ пайдо ва ҳам таърихи дар наворҳо сабтшудаи Тоҷикистонро ба насли нав муаррифӣ кунад.
Муҳаммадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод як барномаи бузургеро барои таҷдиди кинотеатрҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст.
“Талоши мо бар ин аст, ки муҳити дар гузашта муассир ба фарҳанги ҷомиаро баргардонем. Мардум бояд ба кинотеатрҳо баргарданд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ нишон медиҳад, ки ҳеҷ фанноварии ҷадиду интернет ҷойи кинотеатрҳоро намегирад”, - гуфт Муҳаммадсаид Шоҳиён.
Вай афзуд, ба ин манзур кормандони “Тоҷикфилм” бо мақомоти шаҳру навоҳӣ вориди гуфтугӯ шудаанд, то барои бунёд ё таҷдиди кинотеатрҳо мусоидат кунанд.
“Кинотеатрҳо танҳо ҷое ҳастанд, ки мо метавонем мардумро бо филмҳои қадиму нави худ ошно кунем. Аз сӯи дигар, рушди соҳаи синамо ба прокат ё намоиши филмҳо низ бастагӣ дорад. Аз маблағе, ки аз ин намоишҳо ба даст меояд, метавон соҳаи киноро рушд дод, филмҳои нав эҷод кард ва коргардону ҳнармандонро пуштибониву ташвиқ кард”, - гуфт директори “Тоҷикфилм”.
Большая статуя Оскар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Филми “Милудӣ” аз Тоҷикистон ба Оскар меравад
Ба қавли ӯ, дар солҳои 90 – ум 1125 кинотеатр дар саросари Тоҷикистон фаъолият мекард ва аксари онҳо 851 кинотеатр дар деҳот амал мекарданд.
“Ҳатто дар ҳар як колхозу совхоз дар деҳот клубҳои тобистонаву зимистона буданд, ки дар онҳо низ мешуд ҳам филм тамошо кард ва ҳам спектаклҳоро ба намоиш гузошт”, - гуфт Муҳаммадсаид Шоҳиён.
Вай афзуд, пас аз суқути Шӯравӣ бархе кинотеатру клубҳо фурӯхта шуданд, иддае ба муассиса ё корхонаҳои дигар ва бархе ҳам ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ табдил ёфтанд.
“Ҳоло пешниҳоде, ки мо ба мақомоти шаҳру навоҳӣ кардаем, бунёди кинотеатрҳо бо 200 – 30 ҷой аст. Ҳамзамон мо панҷ лоиҳа барои Кумитаи сармоягузорӣ пешниҳод кардем, ки дар ҳама манотиқ - Рашт, Бадахшон, Хатлон, Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва Суғд – якададӣ кинотеатрҳои замонавӣ бунёд кунем. Пешниҳод қабул шудааст. Бо дарёфти шарикони рушд ва грант метавонем ин лоиҳаҳоро амалӣ кунем”, - гуфт директори “Тоҷикфилм”.
Вай гуфт, ҳоло 29 кинотеатр дар Тоҷикистон вуҷуд дорад – 1 адад дар Бадахшон, 6 адад дар Суғд, 12 адад дар Хатлон, 7 адад дар Рашт ва 3 адад дар шаҳри Душанбе.
Статуэтки Оскар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Тоҷикистон барои Оскар филм меофарад.
Тибқи иттилои “Тоҷикфилм” ҳоло дар бойгонии ин муассиса 1420 филм маҳфузанд, ки аз онҳо филмҳои мустанад 776, маҷаллаи “Тоҷикистони Советӣ” – 330, маҷаллаи ҳаҷвии “Калтак” – 75, филмҳои тасвирӣ – 222 ва филмҳои ҳунарӣ - 217 ададро ташкил медиҳанд.
Дар замони истиқлол 267 филм, аз ҷумла 53 филми ҳунарии пурра, 42 филми ҳунарии кӯтоҳ, 170 филми мустанад ва 11 филми тасвирӣ рӯи навор омадааст.
“Тоҷикфилм” ҳамчунин “Маҷмуаи тиллоӣ” - и филмҳои ҳунарии тоҷикиро дар 100 адад омода кардааст, ки аз соли 1934 то соли 2003 ба навор гирифта шудаанд.
Директори “Тоҷикфилм” гуфт, дар ҳоли ба вуҷуд омадани кинотеатрҳо метавон ин филмҳои таърихиро пешкаши кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолони Тоҷикистон кард, ки аз ин роҳ, бо гузаштаи худ ошно шаванд.
Лентаи хабарҳо
0