Филми “Милудӣ” аз Тоҷикистон ба Оскар меравад

© AP / Danny MoloshokБольшая статуя Оскар
Большая статуя Оскар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Обуна шудан
Филми коргардони эронӣ, ки дар ду кишвар тасвирбардорӣ шудааст, аз сӯйи синамои Тоҷикистон ба академияи Оскар муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Коргардони эронӣ Беҳрӯзи Сабтрасулӣ, ки ба тозагӣ сохти филми "Милудӣ"-ро ба поён расондааст, аз муаррифии ин филм аз сӯи синамои Тоҷикистон ба академияи Оскар хабар дод, иттилоъ додааст “MEHR News”.
Коргардон дар бораи тозатарин филми худ, ки дар қолаби маҳсули муштарак ба саранҷом расидааст, гуфтааст, ки филми " Милудӣ" маҳсули муштараки Эрон ва Тоҷикистон аст.
Вай гуфт, ки бахшҳое аз ин филм дар Эрон ва бахшҳое дар Тоҷикистон тасвирбардорӣ шудааст.

“Баъд аз онки тавлиди филм ба итмом расид масъулони кишвари Тоҷикистон нусхаи ниҳоиро бозбинӣ карданд ва бо касби назар аз мунтаққидон ин пешниҳодро бо мо матраҳ кардаанд”, - гуфт оқои Сабтрасулӣ.

Коргардони эронӣ таъкид кард, ки филми “Милудӣ” ба намояндагӣ аз синамои Тоҷикистон ба академияи Оскар барои ҷашни 2024 муаррифӣ хоҳад шуд.
Логотип Таджикфильм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
"Тоҷикфилм" дар бораи таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик филм меофарад
Ёдовар мешавем, ки муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ахиран хабар дод, ки тасмим дорад дар соли равон 10 филми нав таҳия ва ба навор бардорад.
Ба гуфти масъулин, дар байни ин филмҳо 2 филми ҳунарии пурра, 2 филми ҳунарии кӯтоҳ, 4 филми мустанад ва 2 филми тасвирӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0