Тоҷикистон барои Оскар филм меофарад.

© AFP 2023 / GABRIEL BOUYSСтатуэтки "Оскар"
Статуэтки Оскар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон аз сабти филмҳои пастсифат тайи солҳои ахир интиқод кард ва гуфтанд, ки минбаъд танҳо филмҳои миллӣ сабт хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. "Тоҷикфилм" нақша дорад дар оянда дар ҳамкорӣ бо синамои дигар давлатҳо барои Оскар филм офарад.
Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, гузориш медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфти ӯ чунин таҷриба аллакай роҳандозӣ шудааст ва дар ҳамкорӣ бо синамогарони Эрон филми "Милудӣ" ба Академияи Оскар пешниҳод мешавад.
"Барои пешниҳоди филм ба ҷашнвораҳое чун Оскару Канн бояд сатҳи филмофарии баланд бошад ва мо дар ин роҳ кӯшиш мекунем", - афзуд Шоҳиён.
Ӯ ҳамзамон ба сабти филмҳои пастсифат тайи солҳои ахир интиқод кард ва гуфт, ки минбаъд танҳо филмҳои миллӣ сабт хоҳад шуд.
Вай афзуд, ки интихоби мавзуъ дар филмҳои солҳои охир сабтшуда яке аз мушкилоти асоссии коргардонҳои ҷавон аст.
Большая статуя Оскар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Филми “Милудӣ” аз Тоҷикистон ба Оскар меравад
"Муттаассифона солҳои давраи гузариш мо даст задем ба филмҳое ки барои фестивалҳо омода мешавад ва мо дар оянда ният дорем, ки филмҳои миллӣ офарем", - таъкид кард Шоҳиён.
Ба гуфти ӯ минбаъд мавзуъи филмҳоро шӯрои бадеӣ иборат аз 25 мутахассиси ҳирфаии ин соҳа арзёбӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0