Хонаҳо зери об ва истифодаи қаиқ ба ҷои мошин: обхезӣ дар Филиппин – видео

Обуна шудан
Тӯфоне, ки дар Филиппин рух дод, хисороту талафоти зиёдеро ба бор овард. Видеоро тамошо кунед ва бубинед, ки ҳоло кӯчаҳои шаҳрҳо дар чӣ аҳволанд
Бар асари тӯфони шадид дар Филиппин беш аз 50 нафар кушта ва ҳудуди 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Тӯфони сахти тропикӣ бо номи Доксурӣ дар авохири июл ба Филиппин, Тайван ва Чин расид ва боришоти шадидро барангехт, ки боиси обхезӣ ва ярч дар манотиқи мухталиф шуд, ҳавои номусоид беш аз ду ҳафта боз идома дорад.
Кӯчахои шаҳрхои Хагоноя ва Квезон-ситии Филиппин дар натиҷаи боронҳо ва обхезӣ комилан зери об монданд.
Шумори кушташудагон бар асари обхезӣ дар Чин ба 20 нафар расид – видео
Навори видеоие, ки оҷонсии Ruptly сабт кардааст, нишон медиҳад, ки сокинони маҳаллӣ бо қаиқҳо дар роҳҳои автомобилгарди зери об монда равуо доранд.
Ба гуфтаи онҳо, ин бори аввал аст, ки чунин обхезии шадид дар як шаҳри Филиппин рух медиҳад. Обхезӣ дар шаҳрҳо дар натиҷаи обу ҳавои номусоид қаблан рух медод, аммо на мисли имсол.
КҲФ дар бораи селҳои харобиовар дар минтақаи Тоҷикистон гузориш дод
Дар маҷмӯъ, дар Филиппин 200 ҳазор нафар бояд аз минтақаҳои обхезӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шаванд, 13 нафар то ҳол бедарак ҳастанд.
Дар аксари минтақаҳо барқ ​​нест, дарахтони зиёде решакан ва хонаҳо осеб дидаанд. Даҳҳо парвози дохилӣ лағв шуданд.
Лентаи хабарҳо
0