Шумори кушташудагон бар асари обхезӣ дар Чин ба 20 нафар расид – видео

Обуна шудан
Боришоти шадиде дар Чин чанд рӯз боз ба таври бесобиқа идома дорад. Боронҳо пойтахти сераҳолии ин кишварро хароб кардаанд.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки обхезӣ боиси харобиҳои азим, шудааст. Садҳо мошин ва хонаҳо зери об монданд, ҳамчунин роҳҳо тахриб шуданду даҳҳо нафар кушта шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои расонаҳо шумори кушташудагон 20 нафар расид боз 27 нафари дигар бедарак шудаанд.
Натиҷаи офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ - акс
Обу ҳавои номусоид мақомотро маҷбур кард, ки чораҳои фаврӣ андешанд. Истгоҳҳи роҳи оҳану автобусҳо баста шуданд ва одамоне, ки дар минтақаҳои осебпазир зиндагӣ мекарданд, ба толорҳои варзишии мактабҳо интиқол дода шуданд.
Маҷрои беисти об мошинҳоро шуст.
Пекин бо тобистонҳои муътадил ва хушки худ машҳур аст, аммо имсол боришоти ғайриоддӣ мушоҳида шудааст.
Сели харобиовар дар ду деҳаи Панҷакент
Дар ин мавсими тобистон дар шаҳр ҳарорати баланд мушоҳида мешавад, ки боришоти шадидро боз ҳам харобиовартар мекунад.
Ба ҷуз аз Пекин, дигар минтақаҳои шимоли Чин низ осеб диданд, ки ба чунин боришоти шадид рӯ ба рӯ нашуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0