https://sputnik.tj/20230802/khf-selho-kharobiovar-mintaqa-tojikiston-guzorish-1058597474.html
КҲФ дар бораи селҳои харобиовар дар минтақаи Тоҷикистон гузориш дод
КҲФ дар бораи селҳои харобиовар дар минтақаи Тоҷикистон гузориш дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар як рӯзи гузашта дар деҳаи Лангар, ки бар асари омадани сел зарар дидааст, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кор бурда, 150 нафарро тахлия карданд
2023-08-02T15:18+0500
2023-08-02T15:18+0500
2023-08-02T15:18+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолати фавқуллода
айнӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058548391_0:89:1280:809_1920x0_80_0_0_78e137d050648b913c9c5cfd80de4929.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба хонаводаҳое, ки аз сел дар рустои Лангар осеб дидаанд, кумак расониданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар додааст. Гуфта мешавад, ки рӯзи 31 июл дар маҳаллаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омада, ки дар натиҷа қубурҳои обгузар баста шуда, хонаву кӯча, роҳҳо зери харобазор ва лой монда буданд. Ба ин тартиб, 150 нафар аз минтақаи осебдида тахлия шуда, 7 воҳиди техника барои бартафсозии он сафарбар карда шуд, хабар дод ин ниҳод. Гуфта мешавад, ки то кунун кормандони КҲФ корҳои тозакунии роҳҳо ва селро анҷом доданд. Дар ҳоли ҳозир рафъи оқибатҳои сел идома дорад. Дар натиҷаи корҳои бо усули ҳашари дастаҷамъона гузаронидашуда бошад, 4 бинои истиқоматӣ, 2 иншооти ёрирасон, 200 метр роҳ ва 80 метр селроҳа аз лой тоза карда шуд.Барои зарардидагон бошад, мақомоти ноҳияи Зафаробод маводи зарурӣ: орд, макарон, равғани растанӣ ва ғайра фиристодаанд. Ҳамзамон би иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи баланшавии сатҳи об дар кӯли Сугат он аз соҳилҳои худ баромада, 150 метри шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахшро, ки аз ҳудуди шаҳраки Арчакапаи ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Нуробод мегузарад, фаро гирифт.Барои бартараф намудани оқибатхо ва барқарор намудани ҳаракати нақлиёт техникаи зарурӣ равона ва роҳ тозаву боз карда шуд.
https://sputnik.tj/20230729/sel-400-metr-roh-dushanbe-vahdat-lakhsh-bast-1058517075.html
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1f/1058548391_141:0:1280:854_1920x0_80_0_0_40f0601be2dda87c538252368750dcf4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф селҳ харобиовар тоҷикистон
кҳф селҳ харобиовар тоҷикистон
КҲФ дар бораи селҳои харобиовар дар минтақаи Тоҷикистон гузориш дод
Дар як рӯзи гузашта дар деҳаи Лангар, ки бар асари омадани сел зарар дидааст, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кор бурда, 150 нафарро тахлия карданд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба хонаводаҳое, ки аз сел дар рустои Лангар осеб дидаанд, кумак расониданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 31 июл дар маҳаллаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омада, ки дар натиҷа қубурҳои обгузар баста шуда, хонаву кӯча, роҳҳо зери харобазор ва лой монда буданд.
Ба ин тартиб, 150 нафар аз минтақаи осебдида тахлия шуда, 7 воҳиди техника барои бартафсозии он сафарбар карда шуд, хабар дод ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки то кунун кормандони КҲФ корҳои тозакунии роҳҳо ва селро анҷом доданд. Дар ҳоли ҳозир рафъи оқибатҳои сел идома дорад.
Дар натиҷаи корҳои бо усули ҳашари дастаҷамъона гузаронидашуда бошад, 4 бинои истиқоматӣ, 2 иншооти ёрирасон, 200 метр роҳ ва 80 метр селроҳа аз лой тоза карда шуд.
Барои зарардидагон бошад, мақомоти ноҳияи Зафаробод маводи зарурӣ: орд, макарон, равғани растанӣ ва ғайра фиристодаанд.
Ҳамзамон би иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи баланшавии сатҳи об дар кӯли Сугат он аз соҳилҳои худ баромада, 150 метри шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахшро, ки аз ҳудуди шаҳраки Арчакапаи ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Нуробод мегузарад, фаро гирифт.
Барои бартараф намудани оқибатхо ва барқарор намудани ҳаракати нақлиёт техникаи зарурӣ равона ва роҳ тозаву боз карда шуд.